0.0/5 оценка (0 голосов)

Роҷеъ ба муайян кардани табиати ҳуқуқии «Баййина» чун манбаи исботи судӣ дар таълимоти мактабҳои фиқҳии суннии исломӣ (таҳқиқи таърихию ҳуқуқӣ ва муқоисавӣ)

Муаллиф (он)

Обидов Дилшод Солиджонович

Чакидаи мақола

Дар мақолаи илмӣ яке аз проблемаҳои муҳими таълимоти мактабҳои ҳуқуқии исломии равияи суннӣ оид ба ҳокимияти судӣ, яъне масъалаи далелҳои судӣ бо назардошти таҳқиқ ва равшан намудани табиати ҳуқуқии сарчашмаи далелии аз нигоҳи юридикӣ қавӣ – баййина, ки шаҳодатро дар назар дорад, моҳият, нақш ва аҳамияти он дар низоми далелҳои судӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Дар ин самт, дар асоси пайгирии таърихӣ-ҳуқуқӣ ва муқоисавӣ муносибати мактабҳои ҳуқуқии равияи суннӣ нисбати масъалаи мафҳум, моҳият, тавсифи ҳуқуқии баййина муайян гардида, ҷабҳаҳои мубоҳисавӣ, умумият ва фарқияти мавқеи мактабҳои ҳуқуқии равияи суннӣ дар фаҳмиши табиати ҳуқуқии баййина, нуқтаи назари онҳо оиди мувофиқ омадани баййина бо тамоми далелҳои судӣ дар якҷоягӣ ва ё бо яке аз онҳо, равшан карда шудаанд. Дар асоси чунин таҳлил, диққати хоса ба таълимоти мактаби ҳуқуқии ҳанафия оид ба далелҳои судӣ, махсусияти татбиқи таълимоти мазкур дар фаъолияти судҳои қозигии Мовароуннаҳр дода шудааст. 

Калидвожаҳо

мактабхои фиқҳи исломӣ, ҳанафиҳо, моликиҳо, шофеъиҳо, ҳанбалиҳо, баййина, шаҳодат, иқрор, қасамхӯрӣ

Пайнавишт

1.    Абул Хасан Али ибн Мухаммад аш-шахир бил Мовардий. Ал-хови фи фикхи Шофеъи. – 1-е изд. – В 18 томах. – Т.17. – Бейрут-Лубнон: Дор-ул-кутубил илмийя, 1414х./1994. – 415 с. (на араб.яз.)

2.    Абу Умар Юсуф ибн Абдиллах ан-Намрийил Куртуби. Ал-кофи фи фикхи ахлил Мадинатил молики /Под исслед. Мухаммада Ухайда Мавритони. – 2-е изд. – В 2-х то­мах. – Т.2. – Ар-Риёз: Мактабат-ул-Риёз-ул-хадиса, 1400 х./1980. - С.519-1145. (на араб.яз.)

3.    Буриев И.Б. Судебные институты государственности досоветского Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 188 с.

4.    Дуктур Мухаммад Рафъат Усмон. Ан-низом-ул-казои фил фикхил исломи. - 7-е изд. – Египет: Ал-Азхар, 1425х./2005. – 403 с. (на араб.яз.)

5.    Дуктур Вахбату Зухайли. Фикхул исломи ва адиллатуху. Третье изд. В 8 томах. - Т.6. – Димишк: Дор-ул-фикр, 1989/1409 х. – 816 с. (на араб.яз.)

6.    Казийские документы XVI века /Текст, перевод, указатель встречающихся юридических терминов и примечания Р.Р. Фитрата и Б.С. Сергеева. – Ташкент: Издательство Комитета наук УзССР, 1937. - 81с.

7.    Коран/перевод смыслов Э.Р. Кулиева. Издание пятое, исправленное и дополненное. – М.: Издательский дом «УММА», 2004. – 688 с.

8.    Молик ибн Анас. Ал-Муватто /Под исслед. Мухаммада Мустафо аль-Аъзами. – 1-е изд. В 8 томах. - Т.4. – Иморот-ул Арабиёти Муттахида: Муассисату Зоид ибн Султон Оли Нахён, 1425 х./2004. - С.789-1121. (на араб.яз.) 

9.    Мухаммад ибн Ахмад Абу Мансур Самарканди. Тухфат-ул-фукахо. – Бейрут-Лубнон: Дор-ул-фикр, 1422 х./2002. – 606 с. (на араб.яз.)

10.               Обидов Д.С. Ханафитская школа права и ее значение в исламском праве суннитского направления (мавераннахрское течение).- Худжанд: Государственное издательство имени Рахима Джалила, 2011. – 316 с.

 11.               Шейх Асад Мухаммад Согарджи. Ал-фикхул ханафи ва адиллатуху. – 5-е изд. В 3-х то­мах. - Т.3. – Димашк-Бейрут: Дор-ул калиму таййиб, 1429 х./2008. – 408 с. (на араб.яз.) 

Таърихи нашр

Понедельник, 24 Октябрь 2016