0.0/5 оценка (0 голосов)

Муҳоҷирати ҷавонон аз Русия: шакл, тамоюл ва оқибатҳо

Муаллиф (он)

Рязантсев Сергей Василйевич, Лукянетс Артем Сергеевич

Чакидаи мақола

Муҳоҷират аз Русия шаклҳои мухталиф ва миқёси назаррас касб кардааст ва бо хуруҷи сармоя ва аз даст додани захираҳои зеҳнию кории мамлакат тавъам мебошад. Каналҳои  асосии муҳоҷирати ҷавонон аз Русия муҳоҷирати таҳсилӣ ва меҳнатӣ ба шумор мераванд. Дар назари аввал чунин менамояд,  ки муҳоҷирати  таҳсилию меҳнатӣ каналҳои муҳоҷирати муваққатианд. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳоҷирати таҳсилию  меҳнатӣ ба канали ба истиқомати доимӣ  доимӣ рафтани ҷавонони  Русия табдил меёбад. Дар аксари мамолики  пазиранда яке аз шартҳои  гирифтани мақоми доимӣ талаби будубоши  қонунӣ дар каламрави мамлакат дар давраи муайян вақт  мебошад. Маъмулан, таҳсил дар донишгоҳу коллеҷ якчанд сол идома меёбад.  Ғайр аз ин, дар давраи таҳсил ё кор муҳоҷир ба фарҳанги мамлакат ошно мегардад, забон меомўзад. Мавҷудияти  ҳуҷҷат дар бораи маълумот, донистани забон ва фарҳанг, будубоши муттасил дар каламрави давлати хориҷӣ ба шаҳрвандони Русия имкон медиҳад барои  гирифтани мақоми резиденти мамлакати  пазиранда муроҷиат кунанд. Дар бобати арзёбии таъсири муҳоҷирати ҷавонон ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар Русия аксари олимону коршиносон дар он ақидаанд, ки муҳоҷирати ҷавонон ба истиқомати доимӣ – рухдоди манфӣ буда, амнияти  демографӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро халалдор мекунад.  Дар баробари бўҳрони демографӣ талафи қисми соҳибмаълумоти аҳолӣ, ки дар синну соли фаъоли репродуктивӣ  ва қобили меҳнат карор дорад, талафи бебозгашт аст. Талафҳои демографӣ ҳам дар  коҳиши теъдоди аҳолӣ ва ҳам дар талафи потенсиалӣ аз камшавии амалигардонии иқтидори репродуктивӣ зоҳир мегардад. Ғайр аз ин, коҳиши теъдоди  ҷавонон масоили  иқтисодиро ба миён меорад, ки бо ихтисори баъзе сегментҳои бозори истеъмолӣ, бозори хизматҳои таҳсилӣ, воридоти  андозӣ ва ғайра иртибот дорад. Ҳамчунин  ҷанбаи иҷтимоии масъаларо қайд кардан лозим аст: ҷамъияте, ки дар он ҷавонон каманд, аксаран некбинии иҷтимоӣ  ва динамикаи рушдро аз даст медиҳад. 

Калидвожаҳо

Русия, муҳоҷират, ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ, муҳоҷирати таҳсилотӣ, сиёсати муҳоҷират

Пайнавишт

1. Рязанцев С.В. Новые формы временной эмиграции из России// Наука. Инновации. Технологии. Научный журнал Северо-Кавказского федерального университета. -№ 2. -2014. -С. 81-93.

2. Рязанцев С.В., Письменная Е.Е. Эмиграция ученых их России: «циркуляция» или «утечка» умов// Социологические исследования. -№ 4. -2013. -С. 24-34.

3. Рязанцев С.В., Письменная Е.Е. Интеграция «русскоязычной» общины в Австралии// Народонаселение. -№ 1. -2013. -С. 106-110.

4. Рязанцев С.В., Письменная Е. Е. Возможности статистической идентификации и оценка интеграции «русскоязычной» общины (на примере Австралии)// Научное обоз­рение. Серия 2. Гуманитарные науки. Научно-аналитический журнал. -№ 6. -2012. -С. 58-64.

5. Рязанцев С.В. Новая русская диаспора: условия формирования, идентичность и ассимиляция// Научное обозрение: Серия 1 «Экономика и право». -№ 5. -2010. -С. 83-88.

6. Ryazantsev S.V., The Modern Russian-Speaking Communities in the World: Formation, Assimilation and Adaptation in Host Societies, Mediterranean Journal of Social Sciences, Vol. 6, № 3, May 2015, Rome, MCSER Publishing, pp. 155-163.

7. Ryazantsev S.V., Migration from Russia to Australia and formation of a Russian Community, Canberra, Australian National University, College of Arts & Social Sciences, Vol. 4, № 5, 2013, 98 p.

8. Труд и занятость в России - 2003. - М.: Федеральная служба государственной статистики, 2004. (www.gks.ru)

9. Труд и занятость в России - 2013. - М.: Федеральная служба государственной статистики, 2014. (www.gks.ru)

10. Молодежь в России - 2010. - М.: Федеральная служба государственной статистики, 2011. (www.gks.ru)

11. Данные Минобрнауки РФ (http://www.usynovite.ru/statistics/2014/6/)

12. Численность и миграция населения Российской Федерации в 2014 году. - М.:  Федеральная  служба государственной статистики (Росстат) (http://www.gks.ru/bgd/regl/b15_107/Main.htm)

13. Ростовская Т.К., Рязанцев С.В. Социально-демографические характеристики россий­ской молодежи // Государственный советник. Международный научно-практический журнал. № 2 (10). 2015. С. 66-74

Таърихи нашр

Понедельник, 25 Апрель 2016