ҲОШИМЗОДА ҲОМИД ҲАСАН

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 

доктори илмҳои иқтисодӣ

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан 12 ноябри соли 1980 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд,  дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли  1997 муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Б. Ғафуровро бо баҳои аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ дохил мешавад.  Соли 2002 Донишгоҳи мазкурро ҳамчун мутахассис аз рӯи ихтисоси менеҷери фаъолияти гумрукӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Сипас, тайи солҳои 2004-2008  ба ҳайси ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ, 2008-2009 ҷонишини мудири шуъбаи таълими Коллеҷи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  ифои вазифа менамояд. Баъдан, дар вазифаҳои ёвари ноибректори Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (2009-2010), ёвари директор (2010-2015),  муовини директор оид ба таълим (2015-2018), дотсенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” (2018-2020) фаъолият мебарад.  Солҳои 2021-2024 вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. 

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2024 таҳти №24 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин гардид. Соли 2011 дар мавзӯи “Ташаккули асосҳои ташкилӣ-иқтисодии танзими гумрукии минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор шудааст. Соли 2023 дар мавзӯи “Такомули механизми танзими макроиқтисодии тараққиёти минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (назария, методология ва амалия)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.03 – иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №7 соҳиби  дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан олими пурмаҳсул буда, бо таълифи мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ дар рушди илму маорифи кишвар ва иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузорад. 

 Мавсуф, тамоми давраи фаъолияташ таъмини иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури фаъолияти хеш қарор дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода кардани  мутахассисони баландихтисос, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ бо масъулияти баланд содиқона хизмат карда меояд. 

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан барои фаъолияти пурсамар дар омода намудани мутахассисони соҳибтахассус, таълифи асарҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии кооператсияи  матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медали ҷашнии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятии матлуботи Тоҷикистон  ва чандин мукофоти соҳавӣ сарфароз гардидааст.

Одоби нашру таҳрири силсилаҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ” ҳангоми чопи мақолаҳо ба як қатор принсипҳои роҳбарикунанда асос меёбад.

 Ҳайъати таҳрири маҷалла кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба сирқат ва худсирқати мақолаҳо роҳ надиҳад. Ба ин мақсад аслияти ҳар мақола дар сомонаи “Антиплагиат.Вуз” тафтиш карда мешавад. Ҳамчунин барои пешгирии додаҳои қалбакию ҷаълӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Барои таъмини нашри мунтазам ва саривақтии (дар як семаҳа як бор) маҷалла кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Ба ҳар як мақола чакида ва калидвожаҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки онҳоро муаллиф тартиб медиҳад, замима мегардад. Дар маҷалла обзору тақризҳо низ чоп карда мешаванд. Ҳар як мақола аз тақризи пешакӣ гузаронида мешавад, ки зимни он муаллиф номи муқарриз ва муқарриз номи муаллифро намедонад. Ҳар як дастхатти ба тақриз пешниҳодгардида ҳуҷҷати ифшонопазир маҳсуб мешавад.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бояд  ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

-         ба самти илмии маҷалла мувофиқ бошад;

-         ба мақсаду вазифаҳои ба миёнгузошта мувофиқат кунад;

-         бояд ба аудиторияи муайяни щадафманд равона шуда бошад.

Мақолаи ба маҷалла пешниҳодгардида бояд таҳқиқи мустақилона ва мубрами муаллиф буда, қаблан дар нашрияҳои дигар чоп нашуда бошад. Аслиятимақола тибқи тафтиш дар сомонаи “Антиплагиат.ВУЗ” камаш 75% бошад. Дар мавриди истифодаи кор ё мулоҳизаҳои муаллифони дигар бояд ба онҳо ҳаволаҳои дахлдори китобшиносӣ дода шавад ё иқтибос оварда шавад. Ба муаллиф тавсия мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди мақола талаботи зеринро риоя кунанд:

-         натиҷаҳои муътамади кор ё таҳқиқи ба субутрасонидашударо пешниҳод кунад;

-         дар дастхат танҳо факту иттилооти воқеиро зикр кунад;

-         идрок намоянд, ки масъулияти ибтидоии навгонӣ ва муътамадии натиҷаҳои таҳқиқи илмӣ ба зиммаи ӯ вогузор шудааст;

-         ба чопи такрории мақолаҳо роҳ надиҳад;

-         ба идораи маҷалла дастхати аслиро пешниҳод кунад, ки ба дигар маҷалла ирсол нашудааст ё алҳол дар дигар маҷалла баррасӣ мешавад.

Мақола дар мавридҳои зерин чоп намешавад:

1)    Мутобиқат накардани мавзуъ ва мундариҷаи мақола ба талаботи маҷалла нисбат ба мақолаҳои чопшаванда;

2)    Дар мавриди набудани феҳристи адабиёти истифодашуда (камаш панҷ манбаъ);

3)    Дар мавриди пешниҳод кардани чакида ва калидвожаҳои бадсифат;

4)    Дар мавриди нодуруст ба расмият даровардани мақола ва ғайра.

Муассис ва ношир – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» (ISSN 2411-1945), номи кӯҳнааш «Ахбори ДДҲБСТ» (ISSN 2218-256Х) соли 2000 таъсис ёфтааст. Аз соли июни соли 2011 ба номгӯии нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ворид карда шудааст. То моҳи январи соли 2015 маҷалла рубрикаҳои зеринро дарбар мегирифт: 1. Ҳуқуқшиносӣ 2. Иқтисодиёт 3. Фалсафа ва сиёсатшиносӣ 4. Филология 5. Таърих ва сотсиология 6. Усули тадрис.

Мувофиқи моддаи 3 замимаи №1 фармони №793 ВМИ ФР аз 25 июли соли 2014 Шӯрои илмии ДДҲБСТ дар бораи ба ду силсила тақсим кардани «Ахбори ДДҲБСТ» қарор қабул кард:

1. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ; 2. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ». Тибқи талаботи ОК 017-2013 ОКСВНК ба ҳар силсила се соҳаи илм аз «Ахбори ДДҲБСТ»-и кӯҳна гирифта шуд: Ба «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ - илмҳои иқтисодӣ (08 00 00), илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12 00 00), Сиёсатшиносӣ (23 00 00).

Чопи маҷалла: 4 маротиба дар як сол

Нашрия дар Маркази байналмилалии ISSN бақайдгирифта шудааст: рақами ISSN 2411-1945 (чопӣ) ва 2410-8308 (электронӣ)

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаҳои №517 аз 28.01. 2000, №0183/МҶ аз 04.12.2013 ва №0183/МҶ аз 18.08.2015)

Маълумот оид ба мақолаҳои чопшуда саривақтӣ ва мунтазам аз рўи тартиби муайяншуда ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) пешниҳод мешаванд.

Матни пурраи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар платформаи Китобхонаи илмӣ-электронии Федератсияи Русия низ ҷой дорад.

Маҷалла дар базаи байналмилалии маълумоти илмии Urlich’s periodicals directory (США) номнавис шудааст.

Бознашри маводи маҷалла танҳо бо огоҳ кардани идораи маҷалла ва розигии он иҷозат дода мешавад.

Муҳимтарин талаботи низомманд:

      Низоми амалиётии – MSWindowsXPprofessional

•       Браузерҳои– Internet Explorer 6.0, Opera, Firefox

•       Таъминоти барномавӣ – Acrobat Reader 

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» аз соли 2000 чоп мешавад. Дар оғоз номи маҷалла “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ” буд ва он ба силсилаҳо ҷудо нашуда буд. Аз моҳи июни соли 2015 маҷалла ба Феҳристи нашрияҳои КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, аз соли 2018 бошад ба КОА-и назди Президенти ҶТ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии диссертатсияҳо барои дарёфти унвонҳои илмии номзаду доктори илм чоп шаванд, дохил шудааст.

То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «Ҳуқуқшиносӣ», «Иқтисодиёт», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «Филология», «Усули таълим», «Тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд.

Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.Алҳол дар силсилаи илмҳои гуманитарӣ мақолаҳо дар қисмҳои “Ҳуқуқ”, “Иқтисодиёт”, “Сиёсатшиносӣ” чоп мешаванд.

Аз моҳи январи соли 2024 маҷалла дар гунаи электронӣ чоп мешавад. Ба мақолаҳо индекси DOI  дода мешавад. Маҷалла дар ИИИР (РИНЦ) индексатсия мешавад, ҳамчунин ҳар сол аз ҷониби комиссияҳои экспертии КОА ВМИ ФР дар пойгоҳи Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёт, сиёсат ва ҳуқуқи Русия дар соҳаи илмию техникӣ (РИЭПП) арзёбӣ мегардад.

Самти умдаи интишороти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» инъикоси риштаҳои нави илми дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти муносибатҳои бисёрҷабҳаи  Тоҷикистон бо Русия, ҳамчунин шарики вусъатёбандаи стратегии Русия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, ҳамкории байни  мамлакатҳоямон, махсусан дар соҳаҳои маориф, илм ва техникӣ ба истифодаи ҳадди аксари иқтидори илмию техникӣ, ки Русия  ҳини омодасозии кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон  андўхтааст, мусоидат мекунад.

Иқтисодиёти гузариш масоили сершумори мураккаби ба қадри кофӣ ҳаллу фасл ношудаи нашудаи назарию методиро  ба миён овард, ки ҳалли саривақтии худро тақозо менамоянд. Самтҳои нави илмии зерин аз он ҷумлаанд: тадқиқи системавии асосҳои  назарии ташаккули иқтисодиёти мутамоил ба иҷтимоиёт ва ҳифзи манфиатҳои миллии иқтисодии Тоҷикистони мустақил ва дигар мамолики  минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Федератсияи  Русия.  Тадқиқи роҳҳои бунёди давлати ҳуқуқӣ ва ҷомаи мутамаддин (шаҳрвандӣ), таҳлили самтҳои сиёсати ҷаҳонӣ, ҳамчунин мушкилот ва дурнамои рушди сиёсати  Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои минтақа дар низоми  муносибатҳои байналхалқӣ.

Гузаронидани иқтисодиёти мамлакат ба реҷаи рушди  иқтисодӣ тағйир додани характери фаъолияти  берунаи иқтисодӣ  ва усулҳои танзими онҳоро тақозо мекунад. Ҳифзи  манфиатҳои миллӣ бо мақсади таъминин амнияти иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат  мебошад ва як шохаи  вазифаҳои болоравии иқтисодӣ ба ҳисоб  меравад, ки дар ҳар зинаи рушди ҷамъият ҳал мегардад, аҳамияти ҷиддӣ дорад. Аз ҷумла тадқиқоте, ки ба ҷорӣ намудани инноватсия дар соҳаҳои пешбари иҷтимоию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти рақамӣ, инкишофи сифати сармояи инсонӣ ва ғайра аз мубрамияти вижа бархурдоранд.

Маводи дар «Ахбори ДДҲБСТ» чопшуда ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти мақсадноки илмию тадқиқотӣ  оид ба такмили низоми ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки ба ворид шудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хоҷагии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Кооператсияи олимон, аз ҷумла аз хориҷаи дуру  наздик  ба фаъолияти илмию иқтисодӣ имкон медиҳад масъалаҳо на танҳо аз мавқеи Тоҷикистон, балки тамоми  инсоният ҳал карда шаванд. Бино бар ин аҳамияти натиҷаҳои бадастомада аз доираи маҳаллӣ фаротар меравад.

Фаъолияти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» нашри мақолаҳои намояндагони илмҳои Тоҷикистон, Русия ва хориҷаро пешбинӣ мекунад. Мақолаҳои мазкур пешниҳодҳои  илмию назарӣ ва амалиро оид ба таҳияи шаклу усулҳои нави ташкили истеҳсолоти моддию техникӣ, такмили  қонунгузорӣ ва тааммуқу тавсеаи  спектри муносибатҳои байналхалқӣ дар бар мегиранд. Барои таъмини чопи мақолаҳои актуалӣ дар маҷалла, ки ба ҳалли масоили назарию амалии иқтисодиёт, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ мусоидат мекунанд, ба ҳайъати  таҳрири маҷалла олимони мумтози  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики Шарқи Наздику Дур ворид   карда шудаанд, ки осори онҳо ба инкишофи соҳаҳои номбурдаи илм саҳми назаррас мегузоранд.   Умедворем, сиёсати нашрии «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» ба гузоштани саҳм ба рушди илми ватанию ҷаҳонӣ  саҳми арзанда мегузорад.

 

 

 

 

 

 

Сармуҳаррир: Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, доктори илмҳои иқтисодӣпрофессор,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқбизнес ва сиёсати Тоҷикистон  (ТоҷикистонХуҷанд)

Ҷонишини сармуҳаррир:  Бобоҷониён (Бобоҷонов) Даврон Дадоҷонович,  доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессормуовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқбизнес ва сиёсати Тоҷикистон  (ТоҷикистонХуҷанд)

 Авезов Азизулло Ҳабибович,  доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессори кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идораи ДПДТТ ба номи М.Осимӣ‚  аъзои шўрои иқтисодиёти назди Президенти ҶТ.  Муаллифи консепсияи рушди иқтисоди берунаи Тоҷикистон (Тоҷикистон,  Хуҷанд)

Авезова Маҳбуба Муҳаммадовна,   доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.Осими (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Акмалова Мунира Набиевна, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон,  Хуҷанд)

Ализода Зариф, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикистон,  Душанбе)

Алимов Сӯҳробшо Юсуфович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи фанҳои давлатию ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Душанбе)

Бойматов Алиҷон Азизович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Болтуев Самад Шарифович,  номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Гадоев Бурҳонидин Саймудинович,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

Ғозибеков Садриддин Арслонбекович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи  менеҷменти Донишкадаи  иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Диноршо Азиз  Мусо,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Евсеев Вадим Олегович, доктор илмҳои иқтисодӣ, профессор  ИХИД АХХ ИДР назди  Президенти ФедератсияиРусия, директори департаменти рушди иҷтимоию иқтисодии Комитети дастгирии ислоҳоти Президенти  ФедератсияиРусияусия, Москва)

Зокиров Гулмҳхмад Нозимович, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ,профессори кафедраисиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистоноҷикистон, Душанбе)

Исмоилова Малоҳат Маҳмудовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори   кафедраи   назарияи иқтисоди  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, намояндаи комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният (Тоҷикистон, Душанбе)

Мелков Сергей Анатолйевич, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, мудири кафедраи  идораи давлатӣ ва мунисипалии Академияи муҳофизати граждании  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия (Русия, Москва)

Мехмонов Султаналӣ Умаралиевич, докториилмжи иқтисодӣ, профессор, муовини ректор оид ба кори илмии Институти молияи Тошканд  (Ӯзбекистан, Тошканд)

Муминов Алишер Ғаффорович, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессори кафедраитаърихиӮзбекистони факултети таърихи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек (Ӯзбекистон, Ташканд)

Муродова Нигина Сулаймоновна, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти  кафедраисиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оҷикистон, Душанбе) 

Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи  ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва  савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Раҳимов Абдулатиф   Маҷидович,  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи   назарияи иқтисоди  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Ризозода Тура Раббим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Саидзода Шуҳрат Шукур (Саидов Шуҳрат Шукурович), номзадиилмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраисиёсатшиносииДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

Самеев Абдумавлон, котиби масъули маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Сафарзода Анвар Ислом, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи  ҳуқуқи ҷиноии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Солиев Шарофиддин Холович,номзадиилмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраисиёсатшиносииДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Тешабаев Тулкин Закирович,  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Институти молияи (Ӯзбекистон, Тошканд)

Холиков Иван Владимирович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ва аврупоии Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии қиёсии назди Ҳукумати Федератсияи Русия (Москва, Русия)

Тсибаков Дмитрий Леонидович, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраиидоракунии давлатӣ ва мунисипалии Академияи муҳофизати шаҳрвандии ВВФ Русия (Москва, Русия)

Шарофзода Рустам Шароф(Сотиволдиев Рустам Шаропович), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Муҳаррирони адабӣ:

Шомуродова Олияхон (Олга) Бутаевна – муҳаррири адабии матнҳо ба забони русӣ

Шарипова Шаҳзода Мирзоғаниевна – муҳаррир ва тарҷумони матнҳо ба забони англисӣ

Дабобоева Мавзуна Маликовна, муҳаррири техникӣ