0.0/5 оценка (0 голосов)

ТАНЗИМИ АНДОЗ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ФАЪОЛГАРДОНИИ САРМОЯГУЗОРИИ МИНТАҚА

Муаллиф (он)

Маъмуров А.М.

Чакидаи мақола

Танзими андоз ҳамчун воситаи фаъолгардонии сармоягузории минтақа баррасӣ мегардад. Дар заминаи муайян намудани моҳияти категорияҳои хавф ва иқтидори андоз зарурати ташаккули муҳити мусоиди андоз дар сатҳи минтақа асоснок карда шудааст. Таъсири танзими андоз барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа таҳқиқ карда шудааст. Зикр гардидааст, ки ташаккули фазои ҷолиби сармоягузорӣ аз низоми андоз ду шарти муҳимро тақозо менамояд: гаронии оқилонаи андоз ва устувории қонунгузории андоз. Нақши механизмҳои андозӣ дар ташаккули фазои мусоиди сармоягузории минтақа дар мисоли вилояти Суғд таҳлил шудааст. Муайян карда шудааст, ки татбиқи васеи имтиёзҳои андоз дар минтақа на ҳамеша аз лиҳози иқтисодӣ асоснок мебошад. Дар заминаи таҳқиқоти гузаронидашуда тавсияҳо оид ба такмили механизмҳои андозӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар сатҳи минтақа таҳия шудааст.

Калидвожаҳо

сиёсати андоз; минтақа; муҳити андозӣ; фазои сармоягузорӣ; фаъолнокии андозӣ; иқтидори андоз; амнияти андозӣ

Пайнавишт

1.    Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2022. – 407 с.

2.    Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016. - №636. – 89 c.

3.    Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040. – Душанбе, 2024.

4.    Александров Г.А., Скворцова Г.Г. Роль налоговой политики в формировании инвестиционного климата региона // Проблемы современной экономики. Экономические проблемы регионов и отраслевых комплексов. – 2014. - №2 (50). – С. 261 – 265. 

5.    Жадан А.Э. Налоговое регулирование как инструмент повышения инвестиционной привлекательности региона // Экономика и бизнес: теория и практика. – 2016. - №4. – С. 81 – 88.

6.    Иманшапиева М.М. Анализ применения налоговых льгот как инструмент повышения инвестицинной активности региона (по материалам Республики Дагестан) // Международный бухгалтерский учет.Налогообложение. – 2014. - №12 (306). – С. 44 – 53.

7.    Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, солҳои 2021 – 2026.

8.    Салимова М.М. Ҳавасмандгардонии андозии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори ДДҲБСТ. – Хучанд, 2026. - №1 (106). – С. 45 – 55.

9.    www. andoz.tj (санаи муроҷиат: 26.03.2026)

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Октябрь 2026