0.0/5 оценка (0 голосов)

ЗАРУРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКЕТИНГӢ ДАР МАКТАБИ ОЛӢ

Муаллиф (он)

Ҳикматова П.Х.

Чакидаи мақола

Фаъолияти маркетингӣ ва зарурати он дар низоми мактаби олӣ баррасӣ гардидааст. Зикр гардидаст, ки дар шароити муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мушкилоти зиёд ҷой дорад, ки истифодаи равишҳои маркетингӣ метавонад дар ҳалли онҳо мусоидат кунад. Изҳори ақида шудааст, ки яке аз роҳҳои таъмини рақобатпазирии муассисаҳои хизматрасонии таҳсилот омӯзиши ниёз ва дархости мизоҷон ба таҳсилоти олӣ тавассути ба роҳ мондани фаъолияти маркетингӣ мебошад. Пешниҳод мегардад, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баҳри қонеъгардонии пурраи истеъмолкунандагон консепсияи маркетинги муосир васеъ истифода бурда шавад.Оид ба фаъолгардонии раванди маркетингӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тадбирҳои мушаххас,аз ҷумла таъсиси шуъбаҳои махсуси маркетингӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, мунтазам гузаронидани таҳқиқоти маркетингӣ ва ҷамъоварии маълумот оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ, омӯхтани ҷузъиёти муҳити дохила ва берунаи муассисаи таълимӣ ва ғайра пешниҳод шудааст.

Калидвожаҳо

маркетинг, мактаби олӣ, низоми таҳсилоти олӣ, хизматрасониҳои таҳсилотӣ, консепсияи маркетингӣ, фаъолияти маркетингӣ

Пайнавишт

1.    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2024 // www.president.tj (санаи муроҷиат 11.03.2025)

2.    Кельчевская Н. Р. Финансово-правовое регулирование инновационного управления государственным вузом / Н. Р. Кельчевская - Екатеринбург: ГОУ ВПО УГТУ-УПИ, 2003. — 402 с.

3.    Котлер Ф. Основы маркетинга. Краткий курс / Пер. с англ. – Москва: Издательский дом “Вильямс”, 2007. - 656 с.

4.    Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: маҷмуаи оморӣ. – Душанбе: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. – 402 с.

5.    Стратегияи миллии рушди маорифи Чумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ/зери назари д.и.т., профессор, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ. – Душанбе, 2022. – 528 с.

Таърихи нашр

Среда, 07 Январь 2026