Вазъ ва дурнамои истифодаи технологияҳои сабз дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии минтақаҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд карда шудааст, ки хоҷагии манзилию коммуналӣ низоми мураккаби бисёрфунксионалии таъмини ҳаёт ва амнияти аҳолӣ мебошад, ки таркиб ва сохтори он барои ҳар як минтақа хусусияти хос дорад. Зикр гардидааст, ки заминаҳои инкишофи иқтисодиёти сабз дар минтақаҳо зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагидориро бо дарназардошти таъминоти инфрасохтори мувофиқ пешбинӣ мекунад, ки пеш аз ҳама таъминот бо қувваи барқ, оби ошомиданӣ, шабакаҳои ташноб, партовпартоӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Муқаррар карда шудааст, ки бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шароити муосир муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои сабз ва ҷорӣ намудани иқтисодиёти сабзро тақозо менамояд. Бинобар ҳамин баҳри ташкили самараноки фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал маблағгузориҳои назаррас аз ҳама сарчашмаҳо, алалхсус аз бахши давлатӣ ва хусусӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад.
хоҷагии манзилию коммуналӣ, иқтисодиёти сабз, таъминот бо қувваи барқ, гармӣ, таъминот бо оби гарм, шабакаи ташноб, технологияҳои “сабз”
1. Варнавский В.Г. Частный капитал в коммунальном хозяйстве России / В.Г. Варнавский // Мировая экономика и международные отношения. – 2007. – №1. – С. 28-35
2. Генералов Б. Государственно-частное партнерство в коммунальной инфраструктуре / Б. Генералов, В. Телегин // Экономист. – 2008. – №8. – С. 87-92.
3. Маҳмудов Б.Н. Такмили механизми истифодабарии устувори захираҳои об дар минтақа (дар мисоли Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон): автореф. дисс... номзади илмҳои иқтисодӣ / Б.Н. Маҳмудов. – Душанбе, 2021. – 32 с.
4. Соколов Л.И. Управление отходами (Waste management) / Л.И. Соколов. – Вологда: Инфра-Инженерия, 2018. – 208 с.
5. Молияи Тоҷикистон. Маҷмуаи оморӣ. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2023. – 121с.
6. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2023. – 419 с.
7. https://asiaplustj.info (санаи муроҷиат: 26.02.2024).