Масъалаҳои рушди нақлиёти сабз ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти сабз мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки таъмин намудани алоқамандии муттасили минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ташаккули низомҳои нақлиётӣ ва телекоммуникатсионӣ густариш ёфтааст. Ҳамзамон таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар раванди ташаккулёбии иқтисодиёти сабз гузариш ба нақлиёти барқӣ аҳаммияти калон дорад. Дар доираи таҳқиқот муайян карда шудааст, ки гузариш ба нақлиёти барқӣ ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда мусоидат менамояд. Афзалиятҳои иқтисодии гузариш ба нақлиёти барқӣ дар шароити минтақаҳои Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ки мутобиқи он истифодаи нақлиёти барқӣ ва ҳибрид ба маротиб истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқарорнашавандаро коҳиш дода, хароҷоти нақлиётиро кам менамояд ва ба беҳтар намудани вазъияти экологӣ мусоидат мекунад.
минтақаҳои Тоҷикистон, иқтисодиёти сабз, нақлиёти сабз, низомҳои нақлиётӣ, нақлиёти барқӣ, энергияи барқароршаванда
1. Барномаи тараққиёти нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №532 аз 31 октябри соли 2022
2. Маълумоти фаврии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд. https://www.gumruk.tj/index.php/12121/khabarho/
3. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2023. -419с.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. /www.president.tj/
5. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http: president.tj
6. The Case for Responsible Travel: Trends & Statistics 2015[Маводи электронӣ]. URL: http://www.responsibletra-vel. rg/resources/documents/2015%20Trends%20&%20Statistics Final.pdf (санаи муроҷиат 10.01. 2025).
7. http // asia-plus.tj (санаи муроҷиат: 25.12.2024)
8. https://tj.sputniknews.ru/20230526/perspektivy-rynok-elektrokarov-tadjikistan-1057387717.html
9. https://tj.sputniknews.ru/20230718/tadjikistan-uvelichenie-import-elektromobily-1058322243.html
10.https://mintrans.tj/