0.0/5 оценка (0 голосов)

ФАРҲАНГИ АНДОЗ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАКМИЛИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ

Муаллиф (он)

Салимова М.М.

Чакидаи мақола

Масъалаи ташаккули маърифати андозӣ ва фарҳанги андози шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ гардидааст. Унсури муҳимми такмили муносибатҳои иқтисодии байни давлат ва субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ ташаккули фарҳанги андоз мебошад, ки ба касбият, масъулиятпазирӣ ва дониши ҳуқуқии намояндагони мақомоти қонунгузор ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ асос ёфта, рафтори мувофиқи аз лиҳози иҷтимоӣ фаъол ва маданию ахлоқии андозсупорандагонро таъмин менамояд. Муҳиммияти ташаккули фарҳанги андоз дар ҷомеа, инчунин сабабҳои асосии саркашии андозсупорандагон аз пардохти андоз асоснок шудааст. Дар асоси таҳлил самтҳои асосии таҳияи сиёсати андоз муайян карда шудаанд, ки дар он нақши асосиро маърифати молиявӣ ва иқтисодии шаҳрвандони кишвар мебозад. Роҳҳои баланд бардоштани маърифати андозӣ ва фарҳанги андози андозсупорандагон ҳамчун шарикони давлат пешниҳод шудааст. Асоснок карда мешавад, ки рушди босамари фарҳанги андози аҳолӣ танҳо тавассути ба қонунгузории андоз ворид намудани механизму воситаҳои танзими андоз, ки хусусияти муносибати иҷтимоиву фарҳангии шаҳрвандонро ба андоз ба назар мегиранд, имконпазир мебошад.

Калидвожаҳо

мақомоти андоз, фарҳанги андоз, маърифати андозӣ, қонунгузории андоз, муносибатҳои андозӣ, саркашӣ аз пардохти андоз

Пайнавишт

1.   Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2020. – №636. – 103 с. 

2.   Авдеева В.А. Повышение налоговой грамотности и культуры участников налоговых правоотношений / Авдеева В.А. // Scientific Cooperation Center "Interactive plus”. [Электронный ресурс] [Санаи муроҷиат: 20.01.2025].

3.   Демин А.В. Совершенствование налоговой культуры как важнейшая предпосылка перехода к “партнерской” модели налогового администрирования / Демин А.В. // Вестник Казанского юридического института МВД России. Гуманитарные науки. –2016. – №4 (26).  – С. 81–85.

4.   Касимов Д.О. Институциональные основы формирования и развития налоговой культуры: дисс. канд.экон.наук. 08.00.10 / Касимов Д.О. – Москва, 2012. – 168 с.

5.   Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2021. – 2024.

6.   Морозова Г.В. Повышение налоговой культуры населения как способ борьбы с налоговыми правонарушениями / Морозова Г.В. // Российское предпринимательство. – 2009. – №3 (131). – С.118–123.

7.   Нитти Ф. Основные начала финансовой науки / Франческо Нитти: пер. с итал. – Москва: Изд. М. и С. Сабашниковых, 1904. – С. 309–316.

8.   Hemels S. Fairness: A Legal Principle in EU Tax Law? // in «Principles of Law: Function, Status and Impact in EU Tax Law» / ed. by Cécile Brokelind. IBFD, 2014. Р. 413 – 438.

9.   www.president.tj///Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2024. [Санаи муроҷиат: 09.01.2025]

Таърихи нашр

Понедельник, 02 Июнь 2025