0.0/5 оценка (0 голосов)

ТАҲАВВУЛИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ БАСТАН ВА БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲ ДАР ДАВРАИ ШУРАВӢ

Муаллиф (он)

Бобохонов Ф.А., Файзова М.Р.

Чакидаи мақола

Масъалаи таҳаввули вазъи ҳуқуқии бастан ва бекор кардани ақди никоҳ дар давраи шуравӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар заминаи таҳлили андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ махсусиятҳои тартиби бастан ва бекор кардани ақди никоҳ дар давраи шуравӣ муайян карда шудааст. Хулоса шудааст, ки  дар давраи ҳокимияти шуравӣ муносибатҳои никоҳ ва оила бештар хусусияти императивиро доро буд, зеро назорати давлат аз болои чунин як воҳиди муҳимми ҷамъият, монанди оила барало ба назар мерасид. Новобаста аз мавҷудияти чунин назорат, ҳокимияти шуравӣ дар ташаккули институти никоҳ нақши калон гузоштааст. Низоми ҳуқуқии шуравӣ марҳила ба марҳила тавассути қабул намудани санадҳои нави ҳуқуқӣ ва такмил додани онҳо ба ташаккули муносибатҳои никоҳ, аз ҷумла тартиби бастан ва бекор кардани ақди никоҳ таъсири мусбат расонида, бо ин восита никоҳро ҳамчун арзиши оилавию иҷтимоӣ муҳофизат намудааст. Аз таҳқиқот бармеояд, ки қонунгузор ба қадри имкон тавонист, ки никоҳро аз расмиятҳо озод карда, онро ба иттиҳоди воқеан озоди зану мард табдил диҳад. Салоҳияти бақайдгирии ақди никоҳ ва талоқ комилан ба салоҳияти давлат гузашт ва бо ин ба ақди никоҳ хусусияти дунявӣ дода шуд.

Калидвожаҳо

таҳаввул, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби бастани никоҳ, тартиби бекор кардани никоҳ, шартҳои никоҳ, монеаҳои никоҳ,давраи шуравӣ,қонунгузории шуравӣ, никоҳ, оила

 

Пайнавишт

1.    Бобохонов, Ф.А. Ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зарари маънавӣ: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва назариявӣ-ҳуқуқӣ [Матн] / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Азиззода У.А. ‒ Душанбе: Ашуриён, 2024. ‒ 216 с. 

2.    Бобохонов, Ф.А. Ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зарари маънавӣ: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва назариявӣ-ҳуқуқӣ [Матн]: дис. ...ном. илм. ҳуқуқ: 12.00.01 / Бобохонов Ф.А. ‒ Душанбе, 2022. ‒ 202 с. 

3.    Бондаренко Ю.В. Регистация брака в Советском государстве в 1917-1920-х гг.: правовое регулирование и практика [Текст] / Ю.В. Бондаренко // Право: ретроспектива и перспектива. – 2021. – № 3(7). – С. 8-13. 

4.    Гонгало, Б.М., Крашенинников, П.В., Михеева, Л.Ю. Семейное право: учебник [Текст] / под ред. П.В. Крашенинникова. 3-е изд., перераб. и доп.  - Москва, 2016. – 272 с.

5.         Давлатзода, Ҳ.М. Марҳилаҳои таърихии рушди қонунгузории оилавӣ (таҳлили мухтасар) [Матн] / Ҳ.М. Давлатзода, А.В. Бобомурод // Вестник Филиала Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в г. Душанбе. – 2020. – №2(14). – С. 74-83.  

6.    Кодекс законов об актах гражданского состояния, брачном, семейном и опекунском праве // Отечественное законодательство XI-XX веков: пособие для семинаров. Часть II (XX в.) [Текст] / Под ред. проф. Чистякова. – Москва, 1999. – С. 58.

7.    Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи ҶШС Тоҷикистон аз 19 июни 1969 с [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1970. – С. 11. 

8.    Маҳмудов, М., Худоёров, Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии  Тоҷикистон [Матн] / М. Маҳмудов, Б. Худоёров: Китоби дарсӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2015. – 496 с. 

9.    Махмудов, М.А. Семейно-правовыесредства обеспечениястабильности брака [Текст] / М.А. Махмудов. – Душанбе,1990. – 112 с. 

10.Микаелян, О.С. Условия и порядок заключения брака в законодательстве  России XI-XX вв.: проблемы правового регулирования [Текст]: дис. ... канд. юрид. наук. – Ставрополь, 2004. – 174 с. 

11.Одинаев Б.А. Институти оила дар зардуштия ва ислом: таҳқиқоти таърихӣ-диншиносӣ [Текст]: диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD). – Душанбе, 2024. – 180 с.

12.Панова, К.В. Развитие института брака в дореволюционный и Советский период: исторический обзор [Текст] / К.В. Панова // Наукосфера. 2021. №12 (2). С. 338-341.  

13.Рыбалка, Е.А., Кравченко, Е.В.  Правовое регулирование регистрации брака: история и современность [Текст] / Е.А. Рыбалка, Е.В. Кравченко // Философия права. – 2020. – № 2 (93). – С. 51-55. 

14.Усмонов, О., Маҳмудов, М. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии  Тоҷикистон [Матн] / О. Усмонов, М. Маҳмудов. – Душанбе, 1994.  180 с.

15.Хрестоматия по истории отечественного государства и права. 1917-1991 гг. [Текст]. – Москва, 1997. – 592 с.

Таърихи нашр

Четверг, 09 Январь 2025