0.0/5 оценка (0 голосов)

РАВИЯҲОИ МЕТОДИИ АРЗЁБИИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДИИ ХОҶАГИҲОИ ХОНАВОДАГӢ

Муаллиф (он)

Негматова Ш.Ғ.

Чакидаи мақола

Иқтидори иқтисодии хоҷагии хонаводагӣ ва усулҳои муосири арзёбии он баррасӣ шудааст. Диққати асосӣ ба ҷузъҳои таркибии категорияи «иқтидори иқтисодӣ», муаммоҳои он, фаъол гардондани ташаббуси соҳибкорӣ бо роҳи инкишофи фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дода мешавад. Иқтидори иқтисодии хоҷагиҳо, ки онро миқдоран ва сифатан арзёбӣ кардан мумкин аст, яъне шумора, даромаду хароҷот, сатҳи маълумотнокӣ ва дигар нишондиҳандаҳои онро омӯхтан мумкин аст, ба вазъи хонаводаҳо таъсир расонида метавонанд. Дар мақола усулҳои таҳлили мантиқӣ ва омории нишондиҳандаҳои иқтисодӣ истифода шуданд.Дар натиҷаи истифодаи усулҳои оморӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки арзёбии некӯаҳволии иқтисодии хоҷагиҳо раванди мураккаб буда дар тамоми марҳилаҳои низоми идоракунии иқтидори хоҷагии хонаводаҳо сурат мегирад. Хулосаҳои мақола ба андозагирии миқдорӣ ва сифатии хусусиятҳои захираҳои аҳолӣ бо мақсади таъмини самаранокии он нигаронида шудаанд.

Калидвожаҳо

иқтидори иқтисодии хонаводаҳо, вазифаҳои иқтисодии хонаводаҳо, усулҳои арзёбии даромад ва хароҷоти хонавода, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, худмуҳофизаткунӣ, фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Пайнавишт

1.         Зуева О.Н. Логистика взаимодействия потоковых процессов домашних хозяйств и организаций торговли /Экономика и управление народным хозяйством (логистика): автореф. дисс... д-ра экон. наук. Специальность 08.00.05 / О.Н. Зуева. – Екатеринбург, 2008. – 63 с.

2.    Комаров Е.И. Организация, управление и администрирование в социальной работе / Е.И. Комаров. - Москва, 2015. – 483 с.

3.    Кадыров Д.Б. Концептуальные основы формирования модели государственной политики роста благосостояния населения / сборник «Наука и бизнес: условия взаимодействия индустриального партнерства» / Кадыров Д.Б. // Материалы Международной научно-практической конференции, 2017. - С. 130-137.

4.    Саидҷонов С.Ш., Зокирова Ш.М. Такмили сиёсати минтақавӣ дар соҳаи даромади  аҳолӣ./ Саидҷонов С.Ш., Зокирова Ш.М. / С.Ш. Саидҷонов, Ш.М. Зокирова // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. –  Хучанд, 2022. – № 3 (92). – С.103-113.

5.         Шатилов И.Н. Управление социальной работой в контексте социально - экономического развития малых городов/ Шатилов И.Н. // Экономика России: ХХI век: международный сбор. науч. трудов / под общ. ред О.И. Кирикова. – Воронеж, 2018. Вып. 12. – С.144-151.

6.    Семенюта О.Г., Гончаренко Т.В. Сберегательный потенциал и потенциал сбережений населения: анализ дефиниций / О.Г. Семенюта, Т.В. Гончаренко // Научные ведомости Белгородского государственного университета. Серия: История. Политология. Экономика. Информатика, 2011. - №7-1 (102) Том 18. – С. 188.

7.    Геронин Н.Н. Финансы домашних хозяйств в современной России / Геронин Н.Н. // Финансы. Деньги. Инвестиции. – Москва: Экономика, 2003. - №4. - 1999. –793 с.

8.    Кейнс. Дж. Общая теория занятости, процента и денег. Избранное.  – Москва: Эксмо, 2007. – 960 с.

 

Таърихи нашр

Четверг, 09 Январь 2025