0.0/5 оценка (0 голосов)

РАВИШҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДОЛОГИИ МУОСИР НИСБАТИ МАФҲУМИ “ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ»

Муаллиф (он)

Самадова З.А.

Чакидаи мақола

Баъзе масъалаҳои назариявии муосир оид ба мафҳуми иқтисодиёти “сабз” мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Асоснок гардидааст, ки рушди устувори кишварҳо бо гузариш ба иқтисодиёти “сабз” алоқамандии бевосита дорад. Таъкид шудааст, ки дар ҷомеаи илмӣ мафҳуми иқтисодиёти “сабз” торафт устувор гашта, тобишҳои гуногун ва худудҳои худро пайдо кардааст. Равишҳои назариявию методологии муосир ба иқтисодиёти “сабз”, ҳамчунин ақидаҳои олимону коршиносон перомуни он ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Изҳори ақида шудааст, ки дар назарияи муосири рушди иқтисодӣ  ба ҳайси равиши бунёдӣ ҷудо кардани равиши умумииқтисодӣ ба иқтисодиёти “сабз” мувофиқи мақсад мебошад. Хулосаи мазкур бо он асоснок мегардад, ки иқтисодиёти “сабз” бо рушди устувори иқтисодӣ робита дошта, алоқаҳои мутақобилаи иқтисодиёт, экология ва ҷомеаро муайян менамояд. Зикр шудааст, ки дар амалӣ гардонидани гузариш ба иқтисодиёти “сабз” нақши давлат бузург буда, дар ин ҷода ҳалли мушкилоти марбут ба таъсиси инфрасохтори дахлдор барои таъмини гузариш ва  рушди иқтисодиёти “сабз”, ҷорӣ кардани технологияҳои “сабз” аҳаммияти калон дорад. Хулоса шудааст, ки дар асоси равишҳои методологию назариявии мавҷуда фаҳмиши нисбатан нави иқтисодиёти “сабз”-ро, ки рушди устуворро бо бартарии соҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза машрут месозад, ташаккул додан зарур аст.

Калидвожаҳо

иқтисодиёти “сабз”, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рушди устувор, равишҳои методологӣ ба иқтисодиёти “сабз”, маърифати экологӣ, сиёсати экологию иқтисодии давлатӣ

Пайнавишт

1.    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2023 // www.president.tj (санаи муроҷиат 21.01.2024)

2.    Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри 2022, №482 // www.medt.tj(санаи муроҷиат 21.02.2024)

3.    Алиджанова С.А. Назарияи иқтисодиёти сабз: ҷиҳатҳои асосӣ ва дурнамои он / С.А. Алиджанова //Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. - 2019. - №3. – С.11-17. 

4.    Бочко В.С. Зеленая экономика: вторая вечная проблема человечества / Бочко В.С. // Вестник УрФУ. Серия экономика и управление. - 2014. - № 3. - С. 113–119.

5.    Бочко В.С., Некрасов А.А. Зеленая экономика: теория вопроса / Бочко В.С., Некрасов А.А.// Журнал экономической теории. - 2014. - № 1. - С. 244-248.

6.         Вукович Н.А. Зеленая экономика: определение и современная эколого-экономическая модель / Вукович Н.А. // Вестник УрФУ. Серия: Экономика и управление. – 2018. – Том 17. - С. 128-145.

7.    Декларация тысячелетия Организации Объединенных Наций [захираи электронӣ]. 08.09.2000 (Резолюция № A/RES/52/2). - 2000. - 7 с. URL: http://www.un.org/ru/ documents/ decl-conv / declarations / summitdecl.shtml (санаи муроҷиат: 21.02.2024).

8.    Захарова Т.В. «Зеленая» экономика как новый курс развития: глобальный и региональный аспекты / Захарова Т.В. // Вестник Томского государственного университета. Экономика. 2011. № 4 (16). С. 28–38.

9.    Кимсанов У.О., Давлятова М.М. Теоретические аспекты понятия «зеленая экономика»/ Кимсанов У.О., Давлятова М.М. // Вестник Технологического университета Таджикистана. – 2017. - №3 (30). – С.83-87.

10.Порфирьев Б.Н. «Зеленая» экономика: общемировые тенденции развития и перспективы / Порфирьев Б.Н. // Вестник Российской академии наук. - 2012. Т. 82. - № 4. - С. 323–332.

11.Ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид. World Population Prospects the 2017 Revision Key Findings and Advance Tables (англ.) [Захираи электронӣ]. URL: http://ekois.net/wp-content/ uploads/2016/11/lpr_2016_summary_ru_net.pdf (санаи муроҷиат: 10.11.2020).

12.Stroebel M. Green Tourism Economy: and Inspiring the or Averting Change? // Third World Quarterly. 2015. Vol. 36, No. 12. Р. 2225–2243.

Таърихи нашр

Четверг, 09 Январь 2025