0.0/5 оценка (0 голосов)

ПРИНСИПҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Газиева М.Х.

Чакидаи мақола

Принсипҳои конститутсионӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бо такя ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, таносуби онҳо нишон дода шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва дар сурати номувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талабот принсипҳои конститутсионӣ  бевосита амал менамоянд. Дар ин замина муайян карда мешавад, ки принсипҳои конститутсионӣ ҳамчун асос барои принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ баромад мекунанд. Асосҳои конститутсионии принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ, аз қабили адолат, баробарӣ, инсондӯстӣ, демократизм нишон дода шудаанд. Баъзе камбудиҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба принсипҳои конститутсионӣ мувофиқ нестанд, таҳлил карда шудаанд. Пешниҳод карда мешавад, ки баъзе принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ, ки дар таркиби принсипҳои Кодекси ҷиноятии амалкунанда мустаҳкам  гардидаанд, ҷудо намуда, дар шакли моддаҳои алоҳидаи Кодекс мустаҳкам карда шаванд.

Калидвожаҳо

Конститутсия, қонунгузории ҷиноятӣ, принсипҳои конститутсионӣ, принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, қонуният, инсондӯстӣ, баробарӣ, демократизм, адолат

Пайнавишт

1.    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйироту иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016. Душанбе: Ганҷ, 2017 126 с.

2.    Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998 [манбаи электронӣ]. https://mmk.tj/ Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (санаи истифодабарӣ: 18.04.2024). 

3.    КутафинО.Е. Предмет конституционного права / О.Е. Кутафин. — Москва: Юристь, 2001. — 444 с. (С. 43).

4.    Мираҳмадов Ш. «Нақши Конститутсия дар татбиқи принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ» //Маҷаллаи академии ҳуқуқ. 2020. - 4 (36). – С.195-197.

5.    Невинский В.В. Основы конституционного строя Российской Федерации как система конституционных принципов / В.В. Невинский // Российский юридический журнал. - Екатеринбург: Изд-во Уральск. ун-та, 2004. - № 1. - С. 9-15.

6.    Филимонов В.Д.Принципы уголовного права. — Москва: АО «Центр ЮрИнфоР», 2002. – 139 с.

Таърихи нашр

Суббота, 12 Октябрь 2024