Масъалаи вазъи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Асосҳои татбиқ гардидани ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти қабулгардидани кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат баррасӣ гардидааст. Таъкид шудааст, ки дар шароити навин масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ на танҳо аҳаммияти назариявӣ, балки аҳаммияти калони амалӣ низ дорад. Афзоиши шумораи парвандаҳои марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи хориҷӣ, ки на танҳо аз тарафи судҳои ҳакамӣ, балки аз тарафи судҳои иқтисодӣ, судҳои салоҳияташон умумӣ низ баррасӣ мегарданд, ба баррасии маҷмуи масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳуқуқ дар ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ мубрамияти махсус мебахшад. Хулоса шудааст, ки дар санадҳои мухталифи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо ва асосҳои гуногуни татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд. Ин ҳолат аз нуқтаи назари шумора ва мавҷуд будани асосҳо басанда арзёбӣ гардида метавонад, лекин аз лиҳози шаклҳои гуногуни муқаррар шудани ҳуқуқи хориҷӣ ин ҳолат таҳлилҳои илмиро тақозо менамояд.
меъёри ҳуқуқи хориҷӣ, суд, татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ, Кодекси маданӣ, арбитраж, мурофиаи иқтисодӣ, коллизия
1. Агарков М.М. Применение советским судом иностранного закона // Проблемы социалистического права. – 1938. - №3. - С. 65- 72.
2. Бардина М.П. Особенности определения права, подлежащего применению Международным коммерческим арбитражем // Международное публичное и частное. 2003. - № 5(14). – https://wiselawyer.ru/poleznoe/9054 (давраи муроҷиат: 25 ноябри соли 2023).
3. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180; с. 2015, № 11, мод. 954; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, № 1, мод.7., Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.03.2013 № 937, аз 23.11.2015 № 1233, аз 30.05.2017 № 1420, аз 2.01.2018 № 1475, аз 3.08.2018 № 1539, аз 2.01.2019 № 1560, аз 02.04.2020 № 1687.
4. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад [Матн]. Садои мардум. – № 1–9 (4584–4592) аз 2 январи соли 2023.
5. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми сеюм) // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, №3, мод. 124; с. 2012, №7, мод. 690.
6. Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388; №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1474; аз 02.01.2019 с., № 1559; аз 20.06.2019 с., №1612; аз 04.07.2020 № 1697., №2022 аз 3.01.2024.
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 205.
8. Сулаймонов Ф.С. Комментарий к разделу VII Гражданского кодекса Республики Таджикистан. - Душанбе, 2010. - 170 с.
9. Тимохов Ю.А. Иностранное право в судебной практике. – Москва: Волтерс Клувер, 2004. – 174 c.