Дар марҳилаи муосири рушди иқтисоди бозорӣ ниҳоди сиёсати андози давлат бо манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла дар ҳошияи таъмини амнияти молиявии кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Таҳлили мушкилоти асосии сиёсати андоз самти рушди низоми амнияти иқтисодии давлатро дар маҷмӯъ муайян месозад. Вобаста ба ин, масъалаҳои безараргардонии муаммоҳои татбиқ ва рушди сиёсати андоз дар шароити ноустувории муносибатҳои иқтисодӣ аҳамияти махсус касб менамояд, ки метавонад ба табдили сиёсати мавҷудаи андоз ба воситаи муассири таъмини амнияти молиявии ҷомеа ва давлат таъсир расонад.
сиёсати андоз, воридоти андоз, гаронии андоз, андоз аз арзиши иловашуда, бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, маъмурикунонии андоз, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, иқтисоди рақамӣ
1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2022. – 407 с.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025». – Душанбе, 2019. – №643.
3. Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2024.
4. Таджикистан: обзор государственных расходов // Стратегические вопросы среднесрочной повестки реформ. – 2022. – 274 с.
5. Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016. - №636. – 103 с.
6. www.andoz.tj // Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Кумитаи андоз [Санаи муроҷиат: 20.12.2023].