Таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ ба мақсади андешидани тадбирҳои самаранок аз ҷониби бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он ва ноил гардидан ба мақсадҳои стратегӣ таҳлил карда шудааст. Муаммоҳое муайян карда шудаанд, ки дар сурати рафъи онҳо ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ самараи матлуб медиҳанд. Ҷузъҳои таркибии инвеститсионӣ ошкор карда шудаанд, ки онҳо ба консепсияи назариявие такя мекунанд, ки ҳангоми тағйирёбандагии иқтисодиёти ҷаҳонӣ устуворӣ зоҳир кардаанд. Истифодаи равиши институтсионалӣ омезиши назарияи неоклассикӣ ва вижагиҳои иқтисодиёти миллӣ тақозо кардааст. Дар асоси таҳлил тасдиқ кардан мумкин аст, ки амалӣ гардонидани дастгирии кредитии молистеҳсолкунандагон дар бахшҳои пешбари иқтисодиёт барои ташаккули хоҷагии қобили ҳаёти рақобатпазир аҳаммияти фавқулода дорад. Диққат ба он ҷалб карда шудааст, ки кредитдиҳии инвеститсионии бонкӣ гурӯҳи мустақили муносибатҳои кредитӣ мебошад, ки барои соҳаи инвеститсионӣ аҳаммияти калон дорад. Ин нукта зарурати таҳияи низоми бонкии идоракунии кредитдиҳии инвеститсиониро муайян мекунад, ки дар навбати худ мувофиқат ва таснифи дақиқи маҳсулоти инвеститсионии кредитиро талаб менамояд.
кредитдиҳии инвеститсионӣ, корхона, бахши молиявӣ, бонк, бозор, хоҷагии рақобатпазир
1. Айдамиров Х.В. Зарубежный опыт потребительского кредитования / Х.В. Айдамиров // Экономика и социум. – 2016. – №12 (31). – С. 105-108.
2. Банковский статистический бюллетень. – Душанбе, 2023. -№3(375). – С. 12-15.
3. Бурлакова С. Особенности финансирования аграрного сектора стран ЕС /С. Бурлакова // АПК: экономика, управление. – 2018. – № 10. – С. 61–63.
4. Долгосрочное кредитование сельского хозяйства Великобритании / [Электронный ресурс]. – 2019. – Режим доступа: http://www.google.by/search?hl= ru. (Дата обращения: 18.07.2019).
5. Статистический ежегодник Республики Таджикистан. – Душанбе, ГУАСПРТ, 2023. – 148 с.