Вазъи истеҳсолоти корхонаҳои саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва, дар ин замина, таъмини гузариш аз низоми аграрӣ-саноатӣ ба рушди саноатӣ-аграрӣ бо мақсади пешрафти иқтисоди миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бо истифода аз додаҳои оморӣ нишондиҳандаҳои умумии иқтисодии соҳаи саноат, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар аз рӯи баъзе намудҳои маҳсулот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Миқдори корхонаҳои саноатӣ ва ҷойгиршавии онҳо дар вилоятҳои кишвар ва шаҳри Душанбе, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт муайян ва пешниҳод карда шудааст. Ҳамзамон, мавқеи саноатикунонии босуръат ва имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи саноат дар коркард намудани ашёи хоми ватанӣ, таъмини некӯаҳволии аҳолии мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва ғайра баррасӣ гардидаанд.
саноат, саноатикунонии босуръат, рушди саноатӣ-аграрӣ, иқтисоди миллӣ, технологияи инноватсионӣ, аграрӣ-саноатӣ, корхонаҳои саноатӣ
1. Алиджанов Д.А. Саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ – асоси таъмини воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Д.А. Алиджанов // Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ “Робитаҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо”. ДДҲБСТ. 30-31.05.2019.
2. Ашуров И.С. Продовольственное обеспечение Республики Таджикистан / И.С. Ашуров // Вестник Таджикского национального университета. – Душанбе, 2010. - № 3 (47). – С. 36-41.
3. Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025, – Душанбе, 2020. – 26 с.
4. Исмаилова М. К вопросу о преобразовании отношений собственности и становлению объектов рыночного хозяства // Экономика Таджикистана: стратегия развития. – 2007. - №2. – С.34-35.
5. Мадаминов А.А. Проблемы устойчивого развития аграрного сектора Таджикистана / А.А. Мадаминов. – Душанбе, 2006. – С.300.
6. Мирсаидов А.Б. Соҳибистиқлолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ-Хуҷанд, 2008, - С.252.
7. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.– Душанбе: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022. – С. 253-262.
8. Назаров А.А. Региональные особенности формирования и развития предпринимательства / Назаров А.А. // Вестник ТГУПБП. – Худжанд, 2012. - №1.- С.56-61.
9. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26.12.2018 ш.Душанбе. www.president.tj.
10. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21.12.2021 ш.Душанбе. www.president.tj.
11. Солиев Ҳ.А. Рушди саноати коркарди вилояти Суғд ва саҳми он дар саноатикунонии мамлакат [Матн] / Ҳ.А. Солиев // Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии “Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”. – Душанбе, 2020. – №3 (260). – С.152-156.
12. Солиев Ҳ.А. Мавқеи саноати хӯроквории вилояти Суғд дар амалишавии ҳадафи саноатикунонии босуръат [Матн] / Ҳ.А. Солиев // Ахбори ДМТ. – Душанбе, 2020. – № 9 (90). – С. 123-128.
13. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016. – 37 с.