0.0/5 оценка (0 голосов)

РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ТАШКИЛАҲОИ ҲУДУДИИ МИНТАҚА: ВАЗЪИЯТ ВА ДУРНАМО

Муаллиф (он)

Асророва М.А.

Чакидаи мақола

Рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва идоракунии ташкилаҳои ҳудудӣ тибқи самтҳои ташаккул ва тараққии онҳо баррасӣ шудааст. Зарурати таҳқиқи инкишофи иҷтимоӣ, ташаккулу истифодаи самарабахши иқтидори аҳолии қобили меҳнат зикр гардидааст. Муносибати назарӣ ва методологӣ ба таҳқиқи масъалаи мавриди назар баррасӣ шудааст. Мубрамияти рушди ҳудудҳои деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои халқӣ чун самтҳои иҷтимоӣ–иқтисодии рушди минтақавӣ нишон дода шудааст. Хусусияти болоравии иштиғоли аҳолӣ, махсусан занон мудаллал карда шудааст. Вазъият ва дурнамои рушди сайёҳӣ ва соҳаи хизматрасонӣ ошкор карда шудаанд. Робитаи истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои халқӣ ва сайёҳӣ ошкор карда шудааст. Ҷидду ҷаҳди ҳукумат ва роҳбарияти маҳаллӣ дар рушди ин соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси аз андоз озод кардани истеҳсол ва фурӯши маснуоти ҳунарҳои халқӣ таъкид гардидааст. Босуръат барқарор шудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ баъди пандемияи COVID-19 қайд шудааст. Фаъолнокии устувори иқтисодӣ дар нимаи аввали соли 2021 дар самтҳои мавриди таҳқиқ зикр шудааст. Исбот шудааст, ки рушди соҳаи иҷтимоӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Калидвожаҳо

идоракунии давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳунарҳои халқӣ, сайёҳӣ, рушди ҳудудӣ

Пайнавишт

1.    Послание Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 26.12.2018/ www.prezident.tj.

2.    Социально-экономическое состояние Согдийской области на 2021 год. - Худжанд: Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Согдийской области, 2022.

3.    Социально-экономическое состояние Согдийской области на 2022 год. – Худжанд: Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Согдийской области, 2023.

4.    Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года. – Худжанд, 2016. – 100 с.

5.    Стратегия развития туризма в Республике Таджикистан на период до 2030 года [Электронный ресурс]. http://www.adlia.tj/ (дата обращения: 01.02.2023).

6.    Аминджанов Б.С. Становление и развитие органов местного самоуправления в Республике Таджикистан: автореф. дис. ... канд. юрид. наук / Б.С. Аминджанов. – Москва, 2009.

7.    Таджикистан – страна туризма [Электронный ресурс]/www. trend.az

Таърихи нашр

Четверг, 15 Июнь 2023