0.0/5 оценка (0 голосов)

НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚАВӢ ВА ТАКМИЛИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИРИ ТАШАККУЛЁБИИ НИЗОМИ БОЗОРӢ

Муаллиф (он)

Бойматов А.А.

Чакидаи мақола

Назарияи иқтисодёти минтақавӣ дар шароити амалкарди низоми иқтисодиёти бозорӣ баррасӣ шудааст, ки омӯзиши мафҳумҳои асосиро тавассути ба онҳо ворид сохтани тағйирот дар заминаи истифодаи таҳлили раванду рухдодҳои дар хоҷагии минтақавӣ баамалоянда пешбинӣ мекунад. Зикр шудааст, ки намояндагони назарияи классикии иқтисодиёти минтақавӣ ба хулосаҳои муҳимми илмӣ расидаанд, ки то ҳол мубрамияташонро гум накардаанд. Дар мақола мафҳуми “минтақа” чун ҳудуди муайян, ки аз дигар қаламрав бо як қатор аломатҳо, аз ҷумла томият ва мустақилияти нисбии унсурҳои таркибиаш фарқ мекунад, муайян карда шудааст. Зикр шудааст, ки мамлакати алоҳида, қисми муайяни ҷаҳон ё вилоят минтақа буда метавонад. Минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳудуди вилояти Суғдро дарбар мегирад, ки дорои иқтидори табиӣ-захиравӣ мебошад ва он тараққии иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаро таъмин менамояд. Самтҳои назариявии ҷойгиронии истеҳсолот дар ҳудуди минтақа, ки дар асоси ҷойгиршавии сармоя, аҳолӣ ва дигар омилҳои истеҳсолот сурат гирифтаанд, мудаллал гардидааст. Се самти рушди низоми иқтисодии минтақавӣ ҷудо карда шудааст, ки онҳоро шаклҳои татбиқи қонуни ҷойгиронии истеҳсолот дар минтақа ҳисобидан мумкин аст. Хулоса шудааст, ки рушди назарияи иқтисодиёти минтақавӣ таввасути васеъ ва пурмазмун намудани мавзуи тадқиқот ба амал меояд. Диққати махсус ба истифодаи моделҳои математикию иқтисодӣ, технологияҳои иттилоотӣ дода шудааст.

Калидвожаҳо

назарияи иқтисодиёти минтақавӣ, хоҷагии минтақавӣ, мафҳуми “минтақа”, вилояти Суғд, самтҳои рушди иқтисодӣ, низоми иқтисодиёти минтақавӣ, моделсозии иқтисодию математикӣ

Пайнавишт

1.    Гранберг А. Г. Основы региональной экономики. – Москва, 2001. - 492с.

2.     Байматов А.А, Хошимзода Х.Х. Механизм регулирования устойчивого развития регионов. – Худжанд, 2022. - 227 с.

3.    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон от 01.10.2007 № 500. “Дар бораи консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти рушди устувор”

4.    Бандман М.К. Территориально-производственные комплексы: теория и практика. – Новосибирск: Наука, 1980. – 366 с.

5.    Саидмуродов Х.М., Каримов Дж.Х. и др. Формирование Южно-таджикского территорально-производственного комплекса. – Душанбе, 1980.-347с.

6.    Лёш А. Географическое размещение хозяйства. – Москва: Иностранная литература, 1959. – 306 с.

Таърихи нашр

Суббота, 28 Октябрь 2023