0.0/5 оценка (0 голосов)

МУСТАФО КАМОЛ ОТАТУРК АЗ НИГОҲИ НАМОЯНДАИ ВАКОЛАТДОРИ ШӮРАВӢ ДАР ТУРКИЯ СЕМЁН ИВАНОВИЧ АРАЛОВ

Муаллиф (он)

Гришин Я.Я., Ахметкаримов Б.Г., Алимов Б.Х.

Чакидаи мақола

Фаъолияти Семён  Иванович Аралов дар мансаби намояндаи ваколатдори Русияи Шӯравӣ дар Туркия ва хотироти ӯ оид ба ҳамкорӣ бо Мустафо Камол Отатурк инъикос шудааст. С.И.Аралов  ва М.К.Отатурк дар тӯли фаъолияти Аралов дар Туркия мунтазам бо ҳам муошират мекарданд. 20 октябри соли 2023 ба эъломи Ҷумҳурии Туркия 100 сол пур мешавад. Имрӯз дар Туркия муносибат ба М.К.Отатурк гуногун аст. Вале хизматҳои инкорнопазири Мустафо Камол, аз ҷумла дар бобати ба роҳ мондани муносибатҳо бо Русияи Шӯравӣ мавҷуданд, ки аз бисёр ҷиҳат ба туфайли онҳо Туркия имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷои худро ишғол мекунад. Мақола дар асоси манобеи мустанад таълиф шудааст. Аз ҷумла “Ёддоштҳои дипломати шӯравӣ”-и С.И.Аралов (1960), осори М.В.Фрунзе (1929) ва қайдҳои М.К.Отатурк мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳодисоти як қарн муқаддам рух дода қисми муҳим ва ҷудонопазири таърихи миллӣ дар Туркия ва Русия ба ҳисоб мераванд, ки инкишофи иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатҳои моро дар даҳсолаҳои оянда муайян кардаанд.

Калидвожаҳо

Русияи Шӯравӣ, Туркия, Мустафо Камол Отатурк, Семён  Иванович Аралов, Михаил Василйевич Фрунзе

Пайнавишт

1.    Аралов С.И. Воспоминания советского дипломата / С.И. Аралов. – Москва, 1960. – 222 с.

2.    Дипломатический словарь. В 3-х томах. – Москва, 1985-1986. Том I. – 424 c.; т. II. – 503 c.; т. III. – 751 с.

3.     Документы внешней политики СССР. – Москва, 1960. Т. IV. – 836 c.; 1961. Том V. – 807 с.

4.    Мустафа Кемаль. Путь новой Турции. Т. 1. НКИД, 1929. – Москва: Соцэкгиз, 1934. – 480 с., Т. II.1932 г. – 416 с., Т. III.1934 г. – 460 с., Т.IV. 1934. – 570 с.

5.    Фрунзе М.В. Соч. Т.1. – Москва, 1929. – 692 с.

Таърихи нашр

Суббота, 28 Октябрь 2023