0.0/5 оценка (0 голосов)

АРЗЁБИИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД: МУАММОҲО ВА ТАМОЮЛИ РУШД

Муаллиф (он)

Маъруфов Ф.К.

Чакидаи мақола

Иқтидори содиротии вилояти Суғд арзёбӣ гардидааст. Асоснок шудааст, ки барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он такмили рақобатпазирии молҳои ватанӣ, хусусан истеҳсолоти содиротмеҳвар муҳим аст. Бо мақсади муайян кардани вазъи истифодаи иқтидори содиротии вилояти Суғд нишондиҳандаҳои муҳим – квотаи савдои беруна дар асоси маълумоти омории расмӣ арзёбӣ шудааст. Муайян карда шудааст, ки квотаи савдои берунаи вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баланд мебошад. Инчуннин, барои сифатан арзёбӣ кардани иқтидори содиротии вилояти Суғд коэффисиенти рӯйпӯшкунии воридот бо содирот, квотаи содироти соф ва коэффисиенти рақобатпазирии байналмилалӣ ба риштаи таҳлил кашида, муайян шудааст, ки сатҳи баланди квотаи савдои хориҷии вилояти Суғд аз ҳисоби сатҳи баланди воридти вилоят мебошад. Мудаллал гардидааст, ки барои такмили иқтидори содиротии вилояти Суғд такмили институтсионалии идоракунии фаъолияти иқтисодии берунии маинтақа муҳим мебошад. Дар ин бобат тавсияҳои назариявӣ ва амалӣ пешниҳод шудаанд.

Калидвожаҳо

иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти содиротмеҳвар, муносибатҳои иқтисодии беруна, иқтисодиёти миллӣ, корхонаҳои содиркунанда, молҳои содиротӣ, модели иқтидори содиротӣ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ

Пайнавишт

1.    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 23 декабри соли 2022. – Душанбе: Шарқи озод, 2022. – 48 с.

2.    Басс О.K. Поощрение иностранных инвестиций и политика протекционизма в России  / О.K. Басс // Внешняя торговля. – 2001. – № 6. – С. 188-197.

3.    Артоболевский С.С. Возможности государства в разрешении региональных проблем. Развитие городских и сельских ареалов Великобритании и России / С.С. Артоболевский. – Москва: Институт географии РАН, 2000. –  186 с.

4.    Каюмов Н.К. Участие Таджикистана в межгосударственных связях стран Центрально-Азиатского региона / Н.К. Каюмов //Экономика Таджикистана: Стратегия развития, 2006. – № 2. – С.109-112.

5.    URL:https://mfa.tj/tg/main/view/9389/pajomi-prezidenti-tojikiston-peshvoi-millat-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri (дата обращения:  05.10.2023).

6.    URL: https://stat.tj/  (санаи истифодабарӣ:  11.10.2023).

Таърихи нашр

Пятница, 12 Январь 2024