0.0/5 оценка (0 голосов)

ТАМОЮЛҲОИ МУОСИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ МОНИТОРИНГИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Салимова Муҳайёхон Музафаровна Пулатова Умри Сайдуллоевна

Чакидаи мақола

Рушди босуръати технология ва автоматикунонии бизнес–равандҳо дар шароити имрўза татбиқи шаклу усулҳои нави мониторинги андозро, ки ҳамкории иттилоотии ташкилотҳоро бо мақомоти андоз тариқи электронӣ пешбинӣ менамояд, тақозо менамояд. Ҳадафи тадқиқот муайян намудани нақш ва аҳамияти мониторинги андоз дар низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии самарабахшии татбиқи мониторинги андоз дар марҳилаи муосир ва дурнамои истифодаи минбаъдаи он ба ҳисоб меравад.Тамоюлҳои муосири татбиқи мониторинги андоз, бартариҳои низоми мазкур, инчунин мушкилоти дар раванди татбиқ ва дурнамои рушди чунин шакли назорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёноянда таҳқиқ карда шудаанд. Мониторинги андоз боиси коҳиш ёфтани ҳуқуқвайронкунии андоз ва санҷишҳои риояи қонунгузории андоз, баланд гардидани сифати фаъолияти назоратии мақомоти андоз мегардад. Дар раванди тадқиқот усулҳои таҳлил ва синтез, муқоиса ва умумигардонии маълумот, истифода шудааст. Натиҷаҳои кор метавонад зимни таҳияи тағйирот ба қонунгузории андоз, коркарди меъёрҳои арзёбии самаранокии мониторинги андоз истифода карда шаванд.   

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: мониторинги андоз, назорати андоз, мақомоти андоз, хавфҳои андоз, андозсупорандагон, маъмурикунонии андоз, табодули маълумот

Пайнавишт

1.         Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2022. – 407 с.

2.                   Березинa Е.В. Нaлoгoвый мoнитoринг кaк cпocoб цифрoвизaции нaлoгoвoгo aдминиcтрирoвaния в Рoccийcкoй Федерaции // Нaлoги и нaлoгooблoжение. – 2020. – №2. – C.18–39.

3.         Бaдеевa Е.A., Мaшкинa A.A. Coвременные тенденции и перcпективы рaзвития нaлoгoвoгo мoнитoрингa в Рoccии. –2020. – C.24 – 35.

4.         Ефремoвa Т.A. Гoризoнтaльный мoнитoринг кaк cпocoб фoрмирoвaния пaртнерcких oтнoшений нaлoгoвых oргaнoв c нaлoгoплaтельщикaми// Финaнcы и кредит. Нaлoгoвaя пoлитикa. –2014. – C.61–66.

5.         Кириенкo A.П. Нaлoгoвoе aдминиcтрирoвaние крупных нaлoгoплaтельщикoв: мирoвые тенденции и ocoбеннocти рoccийcкoгo oпытa // Финaнcы и кредит. – 2019. – C.104–126.

6.                   Кузнецoв Н.Г. Нaлoгoвый мoнитoринг нaлoгoплaтельщикoв – рoccийcкий oпыт и перcпективы // Финaнcoвые иccледoвaния. – 2014. -  №4 (45). – C. 65–72. 

7.                   Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2011 – 2021.

8.         Шoбей Л.Г., Григoрьевa Е.A. Нaлoгoвый мoнитoринг кaк метoд нaлoгoвoгo aдминиcтрирoвaния // Электрoнный нaучный журнaл “Вектoр экoнoмики”. – 2020. - №11.  

Таърихи нашр

Суббота, 10 Декабрь 2022