0.0/5 оценка (0 голосов)

МАҚОМИ БИСЁРҲИЗБӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Муаллиф (он)

Саидова Малика Абдурасуловна

Чакидаи мақола

Масъалаи бисёрҳизбӣ дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр карда шудааст, ки низоми бисёрҳизбӣ дар кишварҳои дорои режими мухталиф дошта ба таври ба худ хос ба роҳ монда шуда, ташаккул ва рушди он яке аз аломатҳои муҳими самаранокии низоми сиёсии ҷомеа, омили муҳими мустаҳкамсозии хусусияти демократии давлат, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд мебошад. Муаллифон бар он назаранд, ки муносибати байни ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи низоми ҳизбии кишвари алоҳида бо иштироки кулли ҳизбҳо ба роҳ монда мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ шаклгирии раванди сиёсиро дигаргун сохта, имконияти таъсиррасонии шаҳрвандонро ба ҳокимият афзудаанд. Фаъолияти онҳо ба рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Муаллифон зуҳури ҳизбҳои сиёсиро ба ташаккули табақаҳои нави иҷтимоӣ, инчунин ниҳоди идоракунии намояндагӣ алоқаманд менамоянд. Маҳз ин омилҳо ба ташаккули аввалин ҳизбҳои сиёсии оммавӣ ҳамчун ниҳоди алоҳида мусоидат карданд. Ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ба раванди модернизатсия, ташаккули давлатҳои миллӣ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд дониста шудааст. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун намояндагии манфиату талаботи сиёсиву ҷамъиятии одамон дар асоси мафкуравӣ муттаҳид шуда, мақсади ба даст овардани ҳокимияти давлатиро барои ҳифзи манфиатҳо ва амалӣ намудани талаботи гурўҳи муайян пеш мебаранд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: ҳизб, низоми бисёрҳизбӣ, ҳокимияти сиёсӣ, манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, барномаи ҳизбӣ, коалитсияи ҳизбӣ, афкори умум

 

Пайнавишт

1.        Андреев С.С. Теория политической деятельности / С.С. Андреев. - Москва, 1995.- 212 с.

2.        Барабанов М. В. Роль и место политических партий современной России в формировании государственной власти / М.В. Барабанов // Социально-гуманитарное знание. – 2006. – № 5. – С. 330–338.

3.        Гельман В.Я. Институциональное строительство и неформальные институты в современной российской политике / В.Я. Гельман // Полис. - 2003. -№ 4. - С. 6-26.

4.        Заславский С. Е., Коргунюк Ю. Г. Российская многопартийность: становление, функционирование, развитие / С.Е. Заславский. - Москва, 1996. - 385 с.

5.        Политические партии. Политологический словарь-справочник / под ред. Г.В. Полуниной. - Москва, 1996. – 622 с.

6.        Политический процесс: основные аспекты и способы анализа: сборник учебных материалов / Под. ред. Мелешкиной Е.Ю. — Москва: Издательский Дом ИНФРА-М, Издательство «Весь Мир», 2001. -375 с.

7.        Растимешина Т. В., Епифанов А. С. Политические партии: основные подходы к определению понятия, природа и функции / Т. Растимешина, А. Епифанов // Экономические и социально-гуманитарные исследования. – 2017. – № 1. – С. 148–158.

8.        Сафаров Л.Ш. Избирательная система в Таджикистане: проблемы и перспективы ёе совершенствования / Л.Ш. Сафаров // Таджикистан и современный мир. -  2012. - №1. (30) - С. 130 – 140.

9.        Сартори Дж. Партии и партийные системы: Рамки анализа // Партии и выборы: Хрестоматия. Ч.1. - Москва,2004. - 472 с.

10.    Усанов В. Многопартийность как необходимое условие парламентаризма и основа конституционного строя // Законодательство и экономика. - 2006. - № 7. –С. 45-56.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Декабрь 2022