0.0/5 оценка (0 голосов)

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ - СИЁСӢ ДАР ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Муаллиф (он)

Рустамзода Завқиддин Рустам

Чакидаи мақола

Масъалаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Нақши назарраси созмонҳои байналхалқӣ дар ҳалли низои дохилӣ ва рушди баъдиҷангии Тоҷикистон нишон дода шудааст.Зикр гардидааст, ки баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ яке аз шохаҳои калидии рушди минбаъдаи кишвар гардиданд. Барои рушди бемайлони ин соҳаҳо давлат аз кўмакҳои берунӣ, хусусан аз грантҳои созмонҳои байналхалқӣ истифода бурда, иқтидори худро ба таври назаррас такмил мебахшад. Инчунин андешаҳои гуногун доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ, СҲШ, САҲА ва дигар созмонҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки нақш ва мақоми созмонҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон назаррас буда, омўзиш ва таҳқиқи он ҳамаҷиҳата муҳим мебошад.

 

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: созмонҳои байналхалқӣ, бўҳрони сиёсӣ, ризоияти миллӣ, амнияти миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ

Пайнавишт

1.    Алимов Р.К. Таджикистан – ООН: Выступления, документы и материалы. 1993 – 2000 годы. – Москва: Международные отношения, 2001. – 376 с.

2.    Каримов О.Политическое сосотояние Таджикистана в 90-е годы ХХ в. и в начале ХХI в. – Худжанд, 2007. –264 с.

3.    25 қадам дар паҳнои олам. Зери назари Сироҷиддин Аслов. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 220 с. 

4.    Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ. - Душанбе: Ирфон, 2011. - 340 с.

5.    Зарифӣ Ҳ. Тоҷикистон – САҲА: муколама ва ҳамкорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 352 с.

6.    Солиев Р.А. Таджикистан – Европейский союз: взаимовыгодное партнерство. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 308 с.

7.    Интернет-сарчашма. URL: https://www.eeas.europa.eu/tajikistan/evropeyskiy-soyuz-i-tadzhikistan_ru?s=228#6433  (санаи муроҷиат: 14.01.2022)

8.    Интернет-сарчашма. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат: 14.01.2022)

Таърихи нашр

Среда, 29 Март 2023