0.0/5 оценка (0 голосов)

АСОСҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ

Муаллиф (он)

Иброҳимзода И.Р., Файзуллоев Б.С.

Чакидаи мақола

Асосҳои институтсионалии рушди низоми андоз мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Муайян карда шудааст, ки дар шароити муосир, қонунгузории андоз бояд на ба ҳайси  як шохаи қонун, балки чун шохаи мустақили ҳуқуқ пазируфта шавад. Ғайр аз он,  ақидае пешниҳод гардидааст, ки низоми қонунгузорӣ вобаста ба пайдоиш ва интихоби санадҳои меъёрӣ ва муттаҳид сохтани субъективии онҳо тибқи нишонаҳои (меъёрҳои) муайян ба гурӯҳҳо, миқёсҳо ва соҳаҳои дахлдор ташаккул меёбад. Муайян карда шуд, ки дар давоми солҳои 2015-2020 мақомоти андози кишвар 99031 санҷиш гузаронида, дар 77% санҷишҳо қонуншикании андоз ошкор кардаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои мақомоти андоз ба буҷет зиёда аз 5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, аз 2,6 миллион сомонӣ муҷозоти молиявӣ 2,5 миллион сомонӣ ё 48,5 фоизи маблағи ҳисобшуда ба буҷет ворид карда шудааст. Таъкид шудааст, ки хусусияти муҳимтарини иқтисоди давраи гузариш - ноустуворӣ ва рушди босуръати он боиси тағйирёбии доимии низоми умумии иқтисодӣ мегардад ва аз ин рӯ, зарур аст, ки низоми мавҷудаи андоз бо назардошти тағйирот дар иқтисодиёт ва сиёсати афзалиятҳои давлатӣ такмил дода шавад.

Калидвожаҳо

асосҳои назариявӣ, танзими давлатӣ, сиёсати андозу буҷет, вобастагии иқтисодии хориҷӣ, низоми молиявию иқтисодӣ, дефитсити буҷети давлатӣ, тавозуни пардохти кишвар, афзоиши  ӯҳдадориҳои қарзӣ

Пайнавишт

1.        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [захираи электронӣ]: http://mmk.tj/content/. - С. 12.

2.        Налоговый кодекс Республики Таджикистан/  [захираи электронӣ]: https://andoz.tj/Law/Kodex?culture=ru-RU Душанбе, 2021.- 131 с.

3.        Исмаилов Ш.М. Правовое регулирование предпринимательской и налоговой деятельности в Республике Таджикистан: монография. – Душанбе: Конуният, 1998. - С. 186.

4.        Мандрощенко О.В. Налоги и налогообложение: учебное пособие. – М.: Издательско-торговая корпорация «Дашков и К» , 2002. – С. 5.

5.        Анализ Налогового кодекса Республики Таджикистан / подготовлен исследовательской группой ТФ ИОО-ФС в рамках Программы экономического развития и предпринимательства. – Душанбе, 2003. – С. 111.

6.        Налоговый кодекс Республики Таджикистан. – Душанбе, 2017. - 318 с; Бобоев М.Р., Мамбеталиев Н.Т., Тютюрюков Н.Н. Налоговые системы зарубежных стран: Содружество Независимых Государств: учебное пособие. – М.: Гелиос РРВ, 2002. – 624 с.

7.        Рахимов М.З. Правовые проблемы достижения конечного результата предпринимательской деятельности. – Душанбе: Сино, 1998. - С. 138 -139.

8.        Исмаилов Ш.М. Некоторые вопросы совершенствования налогового законодательства в Республике Таджикистан//Сборник научных трудов Налогово- правового института. - 2002. - №4.- С. 107.

9.        Джабаров Р.Т. Налоги и другие источники государственных доходов в переходный период к рынку// Вестник Педагогического универститета. - 2000. - №6. - С.27-28.

10.    Бегматов А.А. Вопросы совершенствования налоговых отношений в переходной экономике Таджикистана//Сборник научных трудов Налогово-правового института. – Душанбе, 2001. - № 3 - С.59-60.

 

Таърихи нашр

Четверг, 05 Январь 2023