0.0/5 оценка (0 голосов)

Такмили механизми танзимкунандаи андозбандии фоидаи ташкилотҳо

Муаллиф (он)

Салимова Муҳайё Музафаровна

Чакидаи мақола

Дар мақола самтҳои асосии такмили механизми танзими андозбандии фоидаи ташкилотҳо марбутан ба мавриди амал қарор гирифтани боби 17 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлили мувофиқати  тағйироти андоз аз фоида ба вазифаҳои ислоҳоти андоз ва ҳадафҳои сиёсати иқтисодии давлат дар марҳилаи муосир ҷанбаҳои муаммоии қонунгузории андоз ҷиҳати бартараф сохтани норасоиҳо ва ихтилофот дар андозбандии фоидаи ташкилотҳо тавсиф шудааст. Таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ оид ба рушди механзми танзими андоз¬бандии қоидаи субъектҳои хоҷагидор мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Дар асоси омўзиши додаҳо ва ҷамъбасти ақидаҳои назариявӣ хулосаю  пешниҳодоти мутобиқ ба  шароитҳои иқтисодиёти миллии Тоҷикистон пешкаш  гардидаанд, ки ба таҳияи меха¬низми татбиқи унсурҳои танзимкунандаи андозбандии фоида алоқаманданд. Сиёсати давлатии такмили механизми андозбандии фоидаи ташкилотҳо барои ташаккули муҳити мусоиди рақобатӣ асоснок карда шудааст.

Калидвожаҳо

андозбандӣ, сиёсати андоз, имтиёзи андоз, механизми андоз, қонунгузории андоз, самарабахшӣ, механизми танзими андоз аз фоида

Пайнавишт

1.        Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳо ба санаи 01.01.2017. - Душанбе, 2017. – 335 с.

2.        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон». - Душанбе, 2015. -№1188

3.        Вишневская Н.Г. Регулирующая роль налога на прибыль на современном этапе и в перспективе//Налоговый вестник.- М., 2002. -№10. - С.126-133.

4.        Лермонтов Ю.М. Налог на прибыль: планирование и прогнозирование // Налоговая политика и практика. - Москва, 2003. - № 6. - С. 26-27.

5.        Нишондиҳандаҳои омории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2013- 2018

6.        Мактуби дастурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба андози фоида”. - Душанбе, 2014. - №776/13.2

7.        Сидорова Н.И. Сравнительный анализ налога на прибыль в Российской Федерации и в индустриально развитых странах. - Москва: Финансы, 1998. - № 10. – С.38 – 43.

8.        Суханронии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони “Рушди соҳиб­кориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”. – Душанбе, 2018. -15 с.

9.        Юров В.Ф. Прибыль в рыночной экономике: вопросы теории и практики.- М.:Финан­сы и статистика, 2001.-144 с.

Таърихи нашр

Среда, 22 Апрель 2020