0.0/5 оценка (0 голосов)

Тағғйироти сохторӣ дар амалигардонии сиёсати рушди минтақавӣ

Муаллиф (он)

Орипова Назокатхон Муминовна

Чакидаи мақола

Дар мақола ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаи таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва татбиқи амалии он  вобаста аз дараҷаи самарабахшии истифодаи захи­раҳои табиию иқтисодӣ ва меҳнатии минтақаҳо баррасӣ шудааст. Ба фаҳмиши моҳия­ти истилоҳҳои «минтақа» ва «сиёсат» ва истифодаи онҳо дар раванди таҳияи барно­маҳои маҷмўии ҳадафманд чун  олати асосии амалигардонии тадбирҳо оид ба баробар кардани сатҳи  рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои мамлакат диққати махсус  дода шудааст. Вазифаҳо оид ба амалигардонии сиёсати иқтисодии минтақавӣ дар самти ба даст овардани мақсади стратегии гузариш аз иқтисодиёти  аграраю индустриалӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ муайян карда шудаанд. Дар асоси таҳлили тағйироти сохтории  саноат, нишондиҳандаҳои муқоисавии теъдоди аҳолӣ ва маҷмўи маҳсулоти минтақа, захираҳои меҳнатӣ ва иштиғоли аҳолӣ як қатор ҷамъ­бастҳои назариявию амалӣ сурат гирифтаанд. Ҳангоми таҳияи сиёсати иқтисодии минтақавӣ ба интихоби амсилаи ташаккули бозор  ва вижагиҳои амали механизми бозорӣ дар минтақа бо назардошти  дастгирии минтақаҳои алоҳида ба мақсади рушди босуръати онҳо бо роҳи бозтақсими воситаҳои буҷети давлатӣ ба манфиати минтақаҳои  мазкур диққати махсус дода шудааст.

Калидвожаҳо

минтақа, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори саноат, барномаҳои ҳадафманд, мақсадҳои стратегӣ, МММ, рушди минтақа, тағйироти сохторӣ

Пайнавишт

1.                  Байматов А.А. и др. Формирование стратегии устойчивого развития региона. – Душанбе, 2014.  - 222 с.

2.                  Кистанов В.В., Копылов Н.В. Региональная экономика России.- М., 2002. -584 с.

3.                  Региональная экономика//Под ред. Видяпина В.И. и Степанова В.М. – М., 2007. -666 с.

4.                  Паёми Асосгузори сулҳ ва ризоияти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалиРахмон ба МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тожикистон (аз 26 декабри соли 2018). [Электронный ресурс]. - http://www.president.tj/ru/node/6599.

5. Омори солонаи вилояти Суғд, 2019.  – 366 с. 

Таърихи нашр

Четверг, 23 Апрель 2020