0.0/5 оценка (0 голосов)

Ҳамкории давлат бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз омилҳои фаъолнокшавии шаҳрвандон

Муаллиф (он)

Саидзода Шўҳрат Шукур

Чакидаи мақола

Мақола ба мавзўи ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти боло бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон бахшида шудааст. Дар он ба масъалаи ташаккулёбии бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеаи имрўзаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф раванди гузариш аз низоми қаблӣ, яъне идораи давлат ва ҷомеа аз боло ба поён ба низмои демократӣ-худфаъолиятии шаҳрвандонро баён месозад. Ҳамзамон самтҳои фаъолияти интистутҳои ғайридавлатӣ, зарурат ва аҳамияти тақвияти кори онҳо бо мақомотҳои давлатӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр шудааст. Дар охир муаллиф назари хешро оид ба дурнамои ҳамкории давлат бо инстиутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, самтҳои фаъолияти минбаъдаи онҳоро дар баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон баён намудааст.  

Калидвожаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рушди демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардош­тани фаъолнокии шаҳрвандон, дурнамои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Пайнавишт

1.                           Дар бораи Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон. Суроғаи эл.: http://www.asti.tj/tj/ob-organizacii.html (Санаи муроҷиат 29.11.21018).

2.                           Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 520 с.

3.                           Исоев У. Мушкилоти ҳамгироии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар фазои баъдишўравӣ / Иҷлосияи XVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалҳои муҳимтарини инкишофи сиёсии кишвар. – Душанбе, 2012. – С. 55-59.

4.                           Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Ганҷ, 2016. -135 с.

5.                           Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» / Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 (1387). – Душанбе, 2007. – саҳ 29-39.

6.                           Муҳаббатов А. Ҳизбҳои сиёсӣ: воқеият ва дурнамо (таҳлили сиёсию иҷтимоӣ). – Душанбе: Истеъдод, 2011. – 144 с.;

7.                           Феҳристи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Суроғаи эл.: http://www.minjust.tj/tj/fehristi-hizbhoi-siyosi-jt. (Санаи муроҷиат: 12.10.2018).

8.                           Шарипов С. Политические процессы в таджикском обществе. – Душанбе: ЦСИ при Президенте РТ, 2011. – 376 с.

9.                           Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар ҷаласаи 15-солагии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суроғаи эл.:  http://president.tj/node/416; (Санаи муроҷиат: 28.10.2018)

Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма. Суроғаи эл.:  http://president.tj/node/10829. (Санаи муроҷиат 25.10.2018).

Таърихи нашр

Вторник, 23 Апрель 2019