0.0/5 оценка (0 голосов)

Самтҳои афзалиятноки такмили сиёсати муосири андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои миёнамўҳлат

Муаллиф (он)

Салимова Муҳайё Музаффаровна

Чакидаи мақола

Низоми андозбандии ҳар як давлат вобаста ба сохтори иқтисодиёт ва хусусиятҳои он алоқамандии зич дошта, бо назардошти сатҳи рушди иқтисодиёт ва мутобиқ ба афзалиятҳои муқарраршуда, инчунин тағйироти баамаломада дар иқтисодиёти кишвар, сиёсати молияи давлат барои давраҳои гуногун бояд тағйир дода шавад. Вобаста ба ин, самаранокии фаъолияти низоми андоз дар мутобиқати он ба вазъи иқтисодии кишвар, нақши муассири он дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди иқтисодии мамлакат зоҳир мегардад. Дар шароити муосир ба масъалаи вусъат бахшидани нақши танзимотии сиёсати андоз таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар мақола тағйироти ҷории қонунгузории андози ҷумҳурӣ ва дар ин раванд, арзёбии мавқеи Тоҷикистон аз рўи нишондиҳандаи “андозбандӣ” баррасӣ гардида, дар заминаи таҳлили мушкилиҳои мавҷуда дар қисмати андозбандии субъектҳои хоҷагидор самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи сиёсати муосири андози кишвар барои дурнамои миёнамўҳлат пешниҳод гардидаанд. 

Калидвожаҳо

сиёсати андоз, механизми андоз, низоми андоз, афзалиятҳои сиёсати андоз, қонунгузории андоз, гаронии андоз, бақияи қарзи андоз, имтиёзҳои андоз, ислоҳоти андоз

Пайнавишт

1.    Беспалов М.В. Налоговая политика государства в условиях современного экономического кризиса //Налоги. -2009. -№5. -С. 2-5.

2.    Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни расмӣ - Душанбе, 2012. – 335с.

3.    Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни расмӣ - Душанбе, 2004. – 171с.

4.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон». - Душанбе, 2016, №1367.

5.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон». - Душанбе, 2017, №1398

6.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016». - Душанбе, 2016, №1321.

7.    Сидорова Н.И. Влияние налоговой реформы России на динамику основных отраслей экономики и развитие предпринимательства//Экономическая наука современной России.-2002. -№4. -С. 98-111.

8.    Ҳисобот дар бораи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2016 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2017//Боҷу хироҷ – нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01.2017, №3 (1047).

9.    www.andoz.tj – сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. {Санаи муроҷиат: 18.02.2017}.

 10.         www.doingbusiness.org – сомонаи расмии Бонки Ҷаҳонӣ. {Санаи муроҷиат: 15.04.2017}.

Таърихи нашр

Пятница, 23 Июнь 2017