0.0/5 оценка (0 голосов)

Таъсири институтсионалӣ ба такомули омили шахсии истеҳсолот

Муаллиф (он)

Оқилов Акмалҷон Аҳмадович

Чакидаи мақола

Дар мақола, масъалаҳои такомули омили шахсии истеҳсолот аз лиҳози таъсири институтҳо баррасӣ шудаанд.Собит гардидааст, ки дар шароити Тоҷикистон, таъ­сири институтсионалӣ ба омили шахсии истеҳсолот бояд ба фароҳам овардани шароитҳои қобили қабул ва солими меҳнат, ки амнияти иқтисодӣ ва мукофоти меҳнати ҳосилнокро таъмин карда метавонанд, такя кунад. Дар асоси таҳлили нишон­диҳандаҳои ҳосил­нокии ҳудудии меҳнат ва чандирии барориш барои меҳнат дар миқёси иқтисодиёти миллӣ, саноат ва кишоварзӣ метавон ба хулоса расид,  ки саноат бахши аз ҳама пурсамари истифодаи омили меҳнат мебошад. Дар робита бо ин хулоса, самтҳои таъсири институтсионалӣ ба такмили истифодаи омилҳои истеҳсолот, ки фаъолияти ҳамоҳанги давлат, корфармо, иттифоқҳои касаба ва худи кормандонро пешбинӣ мекунад;  истифодаи усули салоҳиятнок дар омодасозии захираҳои меҳнатӣ бо кўшиши муштараки давлат, хадамоти шуғли аҳолӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва худи коргарон; даст кашидан аз низоми кўҳнаи кирои коргарон ба манфиати тағйирпазирии нишондиҳандаҳои иқтисодии самаранокии ҷалби онҳо (ҳосилнокии ҳудудӣ ва чандирии барориш  аз рўи омили истеҳсолот); дар марзи мамлакат таъсис додани низоми миллии тараққиёти меҳнат дар истеҳсолот; тараққии тадриҷии унсурҳои таркибии сармояи инсонӣ дар омилҳои шахсиии истеҳсолот (қобилият, дониш, малака, маълумоти касбӣ, фарҳанг, захираи нерўи ҳаётӣ, солимӣ, тахассус) муайян карда шудаанд.

Калидвожаҳо

таъсири институтсионалӣ, омили шахсии истеҳсолот, омили меҳнат, ҳосилнокии меҳнат, ҳосилнокии ҳудудии меҳнат, чандирии барориш аз рўи меҳнат

Пайнавишт

1.    Геворкян Е.Н. «Экономика знаний» и развитие образовательных ресурсов. – Саратов: Изд. Центр ГСЭУ,  2002. – 156 с.

2.    Михайлов А.М.. Проблемы реализации экономических и институциональных интересов собственников факторов производства [Текст]: Монография / А.М. Михайлов; под ред. А.В. Мещерова. - М.: Экономические науки, 2006. – 232 с.

3.    Норт, Д. Институты, институциональные изменения и функционирование экономики [Текст] / Д. Норт. - М.: Начала, 1997.- 348 с.

4.    Таджикистан: 25 лет государственной независимости: статистический ежегодник. – Душанбе, 2016. - 522 с.

5.    Туманян, Ю.Р. Противоречия экономических интересов в процессе взаимодействия собственников факторов производства [Текст] / Ю.Р. Туманян // Вестник СевКавГТУ. - Серия "Экономика". - 2003. - № 2.

6.Эрроу, К. Возможности передела рынка как механизм распределения ресурсов [Текст] / К. Эрроу // THESIS. - 1993. - Т. 1. – С. 457

Таърихи нашр

Понедельник, 04 Декабрь 2017