Сиёсати пулию қарзӣ дар иқтисодиёти давраи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фишангҳои муассири танзими масоили макроиқтисодӣ маҳсуб мешавад, ки аз он ҳаҷми пешниҳоди пулии кишвар вобастагӣ дорад. Истифода аз сиёсати монетарии дурушт барои пешгирии таваррум дар кишвар метавонад ба рушди тамоми соҳаҳо, хоссатан ба рушди қисмати истеҳсолоти иқтисодиёт таъсири манфӣ расонад. Дар мақола бо истифода аз усули ҳисобкард ва таҳлили иқтисодӣ-риёзӣ исбот мешавад, ки бо истифода аз сиёсати пулҳои «арзон» метавон ба таври ҷиддӣ ба фоидаи бадастоянда аз сармоя дар як марҳала таъсир расонд. Ҳангоми татбиқи сиёсати монетарӣ БМТ бояд мутаносибан ба афзоиши маҳсулоти дохилии умумӣ массаи пулро зиёд кунад. Маҳз аз истифодаи ўҳдабароёнаи БМТ аз ин фишанг рушди минбаъдаи ин қисмати воқеии иқтисодиёт вобастагии қавӣ дорад.
қобилияти пардохтпазирии банк, талаботи захиравӣ, сиёсати пулӣ-қарзии БМТ, сиёсати пулҳои «арзон», таҳлили математикӣ, давраи талафияти сармоя, бозори молиявии ҶТ
1.Интернет- сайт «Avesta.Tj»: Электронный ресурс: режим доступа http://avesta.tj/2015/02/09/glava-nbt-obratil-vnimanie-na-vysokie-protsenty-bankovskih-kreditov/ (дата обращения: 09.02.2015).
2. Ведина О.И., Десницкая В.Н., Варфоломеева Г.Б., Тарасюк А.Ф. Математика. Математический анализ для экономистов. Учебник/Под ред. проф. А.А. Гриба и к.т.н., доцента А.Ф. Тарасюка.– М.: Информационно-издательский дом «Филинъ», Рилант, 2001. – 360 с.
3.Банковский статистический бюллетень №8 (241) за 2015 год. Электронный ресурс: режим доступа http://www.nbt.tj/upload/iblock/d1e/Bulettin_8_(241).pdf
4. Банковский статистический бюллетень 12(145) за 2015 год. Электронный ресурс: режим доступа http://www.nbt.tj/upload/iblock/d1e/Bulettin_12_(145).pdf
5. Марыганова Е.А., Шапиро С.А. Экспресс-курс «Макроэкономика». - М.: КНОРУС, 2010. - 302 с.
6.Ризокулов Т.Р. Проблемы инфляции в экономике Таджикистана. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 239 с.