0.0/5 оценка (0 голосов)

Такмили раванди монетизатсия дар рушди низоми муосири бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Азизбоев Равшан Абдураҳмонович

Чакидаи мақола

Ташкили гардиши пул дар мамлакат, ки ба мақсадҳои  рушди иқтисодиёт мутаносиб аст ва онро ҳар сол роҳбарияти сиёсии мамлакат ташаккул медиҳад, яке аз масоили муҳимме ба ҳисоб меравад, ки диққати доимӣ ва ҷиддии ҳам  давлат ва ҳам муҳаққиқони ин равандҳоро тақозо мекунад. Самту мақсадҳои мушаххаси  тактикии сиёсати пулии давлатро вазъи умумии иқтисоди миллӣ муайян мекунад. Дар асоси  ташаккули сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон дар замони муосир вазифае қарор дорад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои зерини макроиқтисодӣ нигаронида шудааст: устувории  молиявии  мамлакат; паст кардани суръати таваррум; таҳкими қурби пули миллӣ, таъмини устувории тавозуни  пардохтии мамлакат; ба ҳадди ақалл расонидани равандҳои таваррум барои ба даст овардани рушди иқтисодӣ; паст  кардани меъёри воқеии фоиз дар иқтисодиёти мамлакат. Дар иқтисодиёти гузариш сиёсати пулию қарзӣ яке аз олатҳои пурзўри танзими макроиқтисодӣ ба шумор меравад. Бояд иқтидори  чунин олати танзимкунанда ошкор карда шавад ва дар асоси он тавсияҳои илмии асоснок дар бобати истифодаи васеи ин потенсиал пешниҳод гардад.

Калидвожаҳо

Сатҳи монетизатсия, сиёсати пулию қарзӣ, муқарра намудани аломати мақсаднок, гирдгардиши пул, БМТ, сатҳи таъвиз, бахши воқеии иқтисодиёт

Пайнавишт

1.Банковский статистический бюллетень №8 (241) за 2015 год. Электронный ресурс: режим доступа http://www.nbt.tj/upload/iblock/d1e/Bulettin_12_(145).pdf

2.Интернет- сайт «Азия Плюс»: интервью, данное профессором Ходжимухаммадом Умаровым;  дата обращения:   27.02.2016. Электронный ресурс: режим доступа news.tj/ru/news/kak-spasti-somoni 

3. Марыганова Е.А., Шапиро С.А. Экспресс-курс// Макроэкономика, - М.: КНОРУС, 2010. -302 с.

 4.Ризокулов Т.Р. Проблемы инфляции в экономике Таджикистана. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 239 с.

Таърихи нашр

Четверг, 30 Июнь 2016