Дар мақола вазъи агросервиси техникии ҶТ дар давраи истиқлолияти давлат ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ баррасӣ шудааст. Масоили зерини ин соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтаанд: пароканда шудани низом, дастрас набудани иттилои мўътамад дар бораи вазъи пойгоҳи техникӣ, дар бораи корхонаҳое, ки хизматҳои сервисӣ ва хизматҳои дигар мерасонанд. Дар мақола дар асоси таҷрибаи мамолики хориҷӣ ва вазъи ҳозираи бахши аграрӣ амсилаи ташаккули пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ дар низоми агросервиси техникии мамлакат пешниҳод шудааст. Муаллиф бар он аст, ки дар бахши аграрии мамлакат портали иттилоотии ЕИБСТС ҶТ дар се сатҳ ба вуҷуд оварда шавад. Портали мазкур ба хоҷагиҳо барои дар муддати кўтоҳ гирифтани иттилои дахлдор дар бораи компанияҳо ва афроде, ки дар бахши аграрӣ хизматҳои сервисӣ пешниҳод мекунанд, ёрии амалӣ мерасонад.
кишоварзӣ, агрохидмати техникӣ, ҳолати истифодаи техника, муносибатҳои бозорӣ, корхонаҳои агрохидмати техникӣ, пояи ягонаи иттилоотӣ, сатҳи пояи иттилоотӣ
1. Конкин Ю.А., Бисултанов К.З., Конкин М.Ю. и др. Экономика технического сервиса на предприятиях АПК. – М.: КолосС, 2006. – 368 с.
2. Мадаминов А.А. Проблемы устойчивого развития аграрного сектора Таджикистана. - Душанбе, 2006. – 300 с.
3. Насыров Р. Рынок сельскохозяйственной техники депрессивного региона: развитие, регулирование, оценка эффективности. - Душанбе, 2009. – 232 с.
4. Орипов А.А. Формы совместного использования техники в сельском хозяйстве: состояние, зарубежный опыт, пути формирования. - Худжанд, 2008. – 94 с.
5. Сельское хозяйство Республики Таджикистан: статистический сборник. – Душанбе, 2015. – 352 с.
6. Интернет-ресурс: http://www.news.tj/ru/news/o-razvitii-lizingovykh-uslug-v-tadzhikistane ; http://www.abt.tj/?mm=71
7. Тютин А.А. Инновации в сельском хозяйстве http://min.usaca.ru/uploads/article/attachment/39/39_.pdf