5.0/5 оценка (2 голосов)

Афзалиятҳои сиёсати андоз ва самтҳои асосии паст намудани гаронии андоз дар шароити бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ

Муаллиф (он)

Салимова Муҳайё Музаффаровна, Абдурашидова Малика Абдуқодировна

Чакидаи мақола

Дар мақола афзалиятҳо ва камбудиҳои  сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, зеро таъмини манфиатҳои миллӣ яке аз масъа­лаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Барои самаранок истифода намудани сиёсати андозӣ муаалифон, инчунин, роҳҳои паст гардонидани гаронии андозро, ки давлат барои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ метавонад истифода намояд, нишон додаанд. Қайд карда шудааст, ки ҳангоми дар амал татбиқ намудани сиёсати андозӣ он имкон медиҳад, қисми даромади буҷети давлат таъмин гардад.  Дар мақола, инчунин, самтҳои асосии паст гардонидани сатҳи гаронии андоз дар шароити таъсири манфии бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва самтҳои мукаммалгардонии низоми андози кишвар пешниҳод карда шудааст. 

Калидвожаҳо

низоми андоз, сиёсати андоз, афзалиятҳои сиёсати андоз, гаронии андоз, қарздории андозӣ, саркаши аз пардохти андоз, бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ

Пайнавишт

1.    Пансков В.Г. Налоговое бремя в российской налоговой системе. –М.: Финансы. 1998. – 347 с.

2.    Ҳисобот дар бораи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар семоҳаи якуми соли 2016, вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2016 ва давраҳои минбаъда / Боҷу хироҷ, аз 21.04. 2016, №16 (1008).

3.    Пешбурди соҳибкорӣ – ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2015. www.minfin.tj

4.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 2015, №1188.

 5.    Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2016, №126. www.andoz.tj

Таърихи нашр

Понедельник, 16 Январь 2017