0.0/5 оценка (0 голосов)

Оид ба масоили самаранокии имтиёзҳои андоз: таҳлили таҷрибаи муосир

Муаллиф (он)

Салимова Муҳайё Музафаровна

Чакидаи мақола

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешниҳоди имтиёзҳо ва сабукиҳои андоз мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Амалияи арзёбии самарабахшии имтиёзҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф шудааст. Зикр гардидааст, ки дар шароити муосир низоми имтиёз ва ҳавасмандгардонии андозӣ ба сифати танзимгари муассири иқтисодӣ бояд ҷавобгўи талаботи муайян бошад, вагарна амалиёти низоми мазкур бемақсад ва бенатиҷа мегардад.Таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини мувозинат ва устувории буҷети давлатӣ имтиёзҳои андоз бояд аз мавқеи “ҳадаф – натиҷа” арзёбӣ карда шаванд, ки таҳқиқи баҳамалоқамандии воридоти андозию даромади талафотиро аз як тараф, ва нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоиро аз тарафи дигар пешбинӣ менамояд. Дар асоси таҳлили методикаи мавҷудаи арзёбии самарабахшии имтиёзҳои андоз самтҳои афзалиятноки  такмили минбаъдаи усулҳои муосири  арзёбии самарабахшии имтиёзҳо ва сабукиҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуддат  пешниҳод шудааст.

Калидвожаҳо

андозбандӣ, сиёсати андоз, имтиёзи андоз, механизми андоз, қонунгузории андоз, арзёбии самарабахшӣ, танзими андоз

Пайнавишт

1.    Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо назардошти тағйиру иловаҳо ба санаи 01.01.2017). - Душанбе, 2017с. – 335 с.

2.    Суханронии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”. – Душанбе, 2018. -15 с. 

3.    Баландина А.С. Анализ теоретических аспектов налоговых льгот и налоговых преференций//Вестник Томского госуниверситета. Серия “Экономика”. - Томск, 2011. - №4. - С. 105 – 110.

4.    Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – декабр, солҳои 2016 ва 2017. Нашрияи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2018. - 145 с.

5.    Инвестиционные стимулы в Таджикистане. Проект методологической записки IFC- группы Всемирного Банка в Таджикистане. - Душанбе, 2018. - 35 с.

6.    Ҳисобот дар бораи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2017 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали 2018 ва давраҳои минбаъда//Боҷу хироҷ. Нашрияи Кумитаи андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Д, 2018. - №4 (1098). -16 с.

7.    Налоговые льготы: анализ практики применения и методика оценки эффективности действия//Налоги и налогообложение. 2011. - №7. - С. 45 – 54. www.palata.nk.ru[Санаи муроҷиат  24.09.2018с.]

8.    Пансков В.Г. О налоговом стимулировании модернизации российской экономики// Налоги и налогообложение. – М., 2010. -№12.- С. 8 – 14. 

9.    www.gki.tj.   [Санаи муроҷиат 5.10.2018]

 www.customs.tj.  [Санаи муроҷиат 8.10.2018]

Таърихи нашр

Понедельник, 22 Апрель 2019

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

2229411
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
193
1301
6948
10803
37862
33149
2229411

Прогноз Сегодня
1560


IP-и Шумо3.21.97.61