Хусусиятҳои бандубасти ҷиноятҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла будубоши ғайриқонунӣ дар ҳудуди давлати қабулкунанда баррасӣ шудааст. Мундариҷаи аломатҳои бандубасткунандаи ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 322.1 КҶ ФР, моддаҳои 335.1 ва 335.2 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидаанд, таҳлил карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки аломатҳои бандубасткунанда дараҷаи баланди хавфнокии ҷамъиятиро инъикос мекунанд ва татбиқи меъёрҳои нисбатан қатъии ҷазоро асоснок менамоянд. Ба тарзҳои содир кардани ҷиноятҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдидагон хавфноканд, аз ҷумла интиқол дар шароитҳое, ки хавфи буғишавӣ, аз ҳад зиёд гармшавӣ ё аз ҳад зиёд хунукшавӣ, ҳамчунин паст задани эътибори инсониро ба миён меоранд, диққати махсус дода шудааст. Таҳлили муқоисавии қонунгузории ҷиноятии мамлакатҳои мухталиф, аз ҷумла муқаррароти КҶ Белорус, Озарбойҷон ва Эстония сурат гирифтааст. Зарурати пурра кардани қонунгузории Русия ва Тоҷикистон бо аломатҳои бандубасткунандае, ки бо хавф ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдида, инчунин истифодаи усулҳое, ки эътибори асосиро паст мезананд, асоснок карда шудааст. Хулоса шудааст, ки ҷудо кардани аломатҳои мазкур барои тафриқаи (дифференсатсияи) ҷавобгарии ҷиноӣ ва тақвияи ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон аҳаммияти калон дорад.
муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷанбаи объективии ҷиноят, аломатҳои бандубасткунанда, хавф ба ҳаёт, хавф ба саломатӣ, муносибати ғайриинсонӣ
1. Уголовный кодекс Российской Федерации от 13.06.1996 № 63-ФЗ (ред. от 28.12.2024) (с изм. и доп., вступ. в силу с 08.01.2025) // Собрание законодательства РФ, 17.06.1996, № 25, ст. 2954.
2. Уголовный кодекс Республики Таджикистан от 21.05.1998 № 574 (ред. от 20.06.2024 г.) [Электронный ресурс]. // Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30397325
3. Постановление Пленума Верховного Суда РФ от 27.12.2002 № 29 (ред. от 15.12.2022) «О судебной практике по делам о краже, грабеже и разбое» // Бюллетень Верховного Суда РФ, № 2, 2003.
4. Буликеева Д.Ж. Понятие и природа квалифицирующих признаков / Буликеева Д.Ж. // Вестник ЧелГУ. – 2013. – № 11 (302). – С. 68-71.
5. Евстигнеев А.М. Повторность и неоднократность. В чем различия? / Евстигнеев А.М. //Человек: преступление и наказание. –2012.– № 1. – С. 71-73.
6. Имомов А.Х., Кудратов Н.А. Уголовное право Республики Таджикистан (Общая часть) / Имомов А.Х., Кудратов Н.А. – Душанбе: Таджикский государственный университет коммерции, 2011. – 366 c.
7. Трагедия мигрантов в Европе: 71 труп в грузовике, сотни утонувших [Электронный ресурс]. // Режим доступа: https://www.mk.ru/incident/2015/08/28/tragediya-migrantov-v-evrope-71-trup-v-gruzovike-sotni-utonuvshikh.html
8. Уголовное право (общая часть) / Под. ред. Н.А. Гаффорова, Х.С. Салимова. – Душанбе: Зинат, 2011. – 344 c.
9. Уголовное право. Общая часть / Под ред. Л.В. Иногамовой-Хегай, А.И. Рарога, А.И. Чучаева. – Москва: Юридическая фирма «КОНТРАКТ»: ИНФРА-М, 2008. – 553 c.
10. Филиппов С.А. Противодействие организации нелегальной трансграничной миграции на внешних границах Европейского Союза / Филиппов С.А. // Молодой ученый. – 2015. – № 9 (24). Ч. 1. - С. 172-175.