0.0/5 оценка (0 голосов)

ПРОБЛЕМАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ БАЪДИ ҚАБУЛИ КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Раҳимзода Маҳмад Забир

Чакидаи мақола

Масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ баъди қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Қайд карда мешавад, ки аз Кодекси маданӣ хориҷ кардани мафҳуми фаъолияти соҳибкорӣ дар умум норасоии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор намеравад, балки ба номуайянии танзими ҳуқуқии он дар Кодекси маданӣ ишора мекунад. Қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми фаъолияти соҳибкориро дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” ба танзим медарорад. Аз Кодекси маданӣ хориҷ кардани мафҳуми “фаъолияти соҳибкорӣ” на танҳо боиси аз байн рафтани иддао дар бораи он, ки Кодекси маданӣ нақши “Конститутсияи иқтисодӣ”-ро иҷро мекарда бошад, балки андеша дар бораи он, ки “ҳуқуқи соҳибкорӣ” қисми таркибии “ҳуқуқи маданӣ” мебошад, низ мегардад. Ҳолати мазкур зарурати қабули Кодекси соҳибкориро тақозо менамояд. Ҳамзамон ба ҳайси қисми таркибии қобилияти ҳуқуқдорӣ эътироф намудани “ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ” дар м. 19  Кодекси маданӣ на танҳо навгонии муҳим мебошад, балки зарурати мушаххасан муқаррар намудани ҳуқуқи мазкурро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон талаб менамояд.

Калидвожаҳо

Кодекси маданӣ, қонунгузории маданӣ, Кодекси соҳибкорӣ, қонунгузории соҳибкорӣ, қонун, ҳуқуқи маданӣ, муносибатҳои маданӣ, муносибатҳои соҳибкорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ

Пайнавишт

1.    Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2023. - 501с.

2.    Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7 қ. 2, мод.404; соли 2015, №3, мод.216; соли 2017, №5 қ1, мод.293; соли 2020, №1, мод.30.

3.    Ниг.: Рахимов М. З. Конечный результат предпринимательской деятельности: теория и правовое регулирование. - Душанбе, 2007. – 294 с.

4.    Ниг.: Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии тоҷикистон. Қисми якум. - Душанбе, 2013. – 320 с.

5.    Ниг.: Раҳимзода М. З. Проблемаҳои мубрами ҳуқуқи соҳибкорӣ. Монография. - Душанбе, 2019. – 557 с.

6.    Ниг.: Раҳимов М. З. Қонунгузории соҳибкорӣ: инкишоф ва проблемаҳо.\ Қонунгузорӣ, 2013, №1(9). - С. 44-45.;Раҳимзода М. З., Ғафурзода А. Д., Сангинзода Д. Ш. Санади кодефикатсионии рушдбахшандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ кишвар/Ҳаёти ҳуқуқӣ, 2020, №4 (32). - С.112-126.

7.    Ниг.:Быков А. Г. О содержании курса предпринимательского праваи принципах его построения/Предпринимательского право в рынечной экономике. – Москва, 2004. – С. 57-84.

8.    Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2023. // Мароми пойтахт, №1 (779) аз 03. 01. 2024.

9.    Ниг.; Диноршоев А. М. Ганиев Р. Г., Салохидинова С. М. Конститутсионная экономика. - Душанбе, Эр-граф, 2018. – 188 с.

10.Ниг.: Гаджиев Г. А. Защита основных экономических прав и свобод препринимателей за рубежом  и в Российском Федерации: Опыт сравнительного исследования. - Москва, 1995. –232 с.

Таърихи нашр

Среда, 03 Апрель 2024