Равандҳои муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи таъсири онҳо ба соҳаи амният мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Давраи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ, ки ҷараён дорад, баррасии равандҳои алоҳидаи муҳоҷират, бахусус механизмҳои бозориро, ки барои рушди иқтисоди кишвар заруранд, тақозо менамояд. Ҳарчанд давраи гузариш боиси дигаргунии куллии равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла бозори меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ гардидааст, он ҳамчунин мушкилоти зиёди иҷтимоии ҷомеаро тезутунд намуда, зиддиятҳои куҳнаро ошкор сохт ва зиддиятҳои навро ба вуҷуд овард. Омӯзиши бозори дохилӣ ва берунии меҳнат нишон медиҳад, ки равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон бо ташаккули муносибатҳои нави меҳнатӣ, афзоиши рақобат дар бозори ҷаҳонии меҳнат, дигаргуниҳо дар рушди талабот ва пешниҳодот ба тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ дучор шудаанд, ва ин нукта андешидани чораҳои иловагиро дар самти бехатарӣ тақозо мекунад. Муҳоҷират ба вазъи сиёсӣ, этникӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии манотиқи Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Ошкор намудани хусусиятҳо ва қонуниятҳои таъсири равандҳои муҳоҷират ба амнияти минтақавӣ, таҳия ва такмили олатҳои ошкорсозии иқтидори муҳоҷират дар ҳалли самараноки навсозии иқтисодиёт аз ҷумлаи вазифаҳои таъхирнопазир мебошанд.
муҳоҷират, амният, захираҳои меҳнатӣ, шуғл, демография, бозори меҳнат, равандҳои муҳоҷират, меъёрҳои ҳуқуқӣ, иқтисод, таҳдид
1. Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года, № 721 «О безопасности» (с изменениями и дополнениями по состоянию на 03.08.2018) [Текст] [Электронный ресурс] online.zakon.kz› Document/?doc_id=31038753 (дата обращения: 15.05.2022).
2. Лагуткин О.Ю., Дьяков О.Ю. Международная миграция в контексте региональной безопасности [Текст] / О. Лагуткин, О. Дьяков. - Астраханский государственный технический университет, г. Астрахань. [Электронный ресурс]: demography.econ.msu.ru›sys›raw (дата обращения: 12.05.2022).
3. Национальная безопасность и миграционная политика: Аналитический вестник / Отв. за вып. O.A. Кимлацкий [Текст: непосредственный] Аналитическое управление аппарата Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации.// - Москва, 2005. - № 22 (274). -С. 8-12.
4. Прохода В.А. Миграция как угроза безопасности принимающего сообщества: особенности восприятия коренным населением [Текст: электронный] // Национальная безопасность / Notabene. – 2020. – № 2. – С. 62 - 82. DOI: 10.7256/2454-0668.2020.2.32472, URL: Электронный ресурс: https://nbpublish.com/library_read_article.php?id=32472 (дата обращения: 12.05.2022).
5. Рынок труда в Республике Таджикистана: 30 лет государственной независимости /Сборник Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан [Текст: непосредственный]. – Душанбе, 2021. - С. 299-313.
6. Демографический ежегодник Республики Таджикистан “30 лет государственной независимости” / Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан [Текст: непосредственный]. – Душанбе, 2021.