Масоили зерин баррасӣ шудаанд: самти нави муҳоҷират аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои НАФТА, тамоюл ва каналҳои нави муҳоҷират аз Тоҷикистон ба ИМА, миқёс ва маскуншавии муҳоҷирони тоҷик дар Канада, ҳамчунин Мексика чун канали нави муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба ИМА. Қайд шудааст, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон баъди фурӯпошии ИҶШС Русияро ба ҳайси канали асосии муҳоҷират баррасӣ мекарданд. Ҳар сол миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия меоянд. Вале буҳронҳои мухталиф дар Русия, аз ҷумла бадшавии вазъи иқтисодии он ба сабаб ҷорӣ намудани муҷозоти нави иқтисодӣ аз ҷониби ИА ва ИМА баъди оғози буҳрони Украина як қисми муҳоҷиронро аз Тоҷикистон водор сохт, ки самти нави муҳоҷирати меҳнатиро ҷустуҷӯ кунанд. Мамлакатҳои Созишномаи Амрикои Шимолӣ дар бораи савдои озод (НАФТА), дар навбати аввал ИМА ва Канада самтҳои нав гардиданд. Дар тӯли сӣ соли охир ИМА ва Канада тавассути сатҳи баланди зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ диққати муҳоҷиронро аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои ИДМ ба худ ҷалб мекунад. Таъкид шудааст, ки ба ИМА ва Канада асосан муҳоҷирони баландихтисоси тоҷик ҳиҷрат мекунанд, вале вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боиси муҳоҷирати шаҳрвандони пастихтисоси Тоҷикистон ба ин мамлакатҳо гардид. Солҳои охир афзоиши маҷрои муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида шудааст. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Мексика ба ИМА дар байни шаҳрвандони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хеле вусъат ёфтааст. Ба сабаби пастии сатҳи ҳаёт дар ватанашон онҳо роҳҳои мухталифи тавассути Мексика ба ИМА гузаштанро ба хавфи ҳабсу марг нигоҳ накарда ҷустуҷӯ менамоянд. Мақсади мақола ошкор сохтани каналҳои нави муҳоҷират аз Тоҷикистон ба ИМА ва Канада, ҳамчунин омилҳо ва каналҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои НАФТА аст.
муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, мамлакатҳои НАФТА, Русия, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, каналҳои муҳоҷират, ИМА, Канада, Мексика
1. Гаева А. Политика интеграции иммигрантов: канадский опыт // Политология. 2017. 3(15). С. 89-101
2. Гарусова Л.Н. Эволюция иммиграционной политики США: фактор нелегальной миграции. // Россия и АТ. 2020. №1. С. 104-117. DOI 10.24411/1026-8804-2020-10008
3. Кудратов К. А. Отношения Республики Таджикистан с Соединенными Штатами Америки и проблемы безопасности // Вестник Новосибирского государственного университета. Серия: История, филология. — 2014. — Т. 13. — № 4. — С. 218—219
4. Рязанцев С. В., Моисеева Е. М. Влияние глобального изменения климата на миграцию населения в России и странах Центральной Азии // Народонаселение. 2022. Том. 25. № 3. С. 18-32. DOI: https://doi.org/10.19181/population.2022.25.3.2.
5. Цапенко И.П. Миграционная политика США в отношении государств Северо-Американского континента. // Вестник МГИМО-Университета. 2021. 14(5). С. 101-129. DOI: 10.24833/2071-8160-2021-5-80-101-129
6. Ashley A. Migration from Mexico to the US: the impacts of NAFTA on Mexico and the United States and What to do Going Forward // International Review of Business and Economics. 2018. Vol. 2. No. 1. pp. 115-128
7. Harold T. Canada's Immigration Policy since 1945 // International Journal. 1993. Vol. 48, No. 2. pp. 255-281. doi: 10.2307/40202881
8. Joshua R. Invasion of the Invaded: NAFTA and the rise of illegal immigration. // Inquiries Journal/Student Pulse. 2009. Vol. 1 No. 10. pp. 110-125
9. Nelson S, Verma S, Hall L, Gastaldo D, Janjua M. The shifting landscape of immigration policy in Canada: implications for health human resources. // Healthc Policy. 2011. Vol. 7 No. 2. pp. 60–67
10.Rakhmonov A.Kh. Impact of remittances of labor migrants from OECD countries on job creation in Tajikistan. // Bulletin the National academy of sciences of the Republic of Kazakhstan. 2021. Vol. 5. No. 393. pp. 108–119.
11.Rakhmonov A.Kh. New sanctions of the European Union and United States against Russia and their impact on Tajikistan’s socio-economic development. // Upravlenie / Management (Russia). 2022. 10 (4), pp. 121–131. DOI: 10.26425/2309-3633-2022-10-4-121-131
12.Ryazantsev S.V., Rakhmonov A.Kh. Labor force recruitment to the OECD and Middle East countries in the Republic of Tajikistan: trends, mechanisms, consequences. Central Asia and the Caucasus, 2020, Vol. 21, Issue 4, pp. 96-111. DOI: https://doi.org/0.37178/ca-c.20.4.10
13.Sohn H., Pebley A., Landrian A., Goldman N. Deportations and departures: undocumented Mexican immigrants' return migration during three presidential administrations. // Proceedings of the National Academy of Sciences (PNAS). 2023. Vol. 120. No. 9. pp. 20-27. doi: 10.1073/pnas.2212184120.
14.Verea M. Immigration trends after 20 years of NAFTA // Norteamérica. Revista Académica del CISAN-UNAM. 2014. Vol. 9. No. 2. pp. 109-143. DOI: 10.20999/nam.2014.b005