Аниқ муайян накардани намуди шартнома (шартномаи меҳнатӣ, шартномаи меъёрӣ ва ё шартномаи коллективӣ) аз ҷониби тарафҳои онҳо дар амалия боиси рух додани низои байни ҷонибҳо шуданаш мумкин аст ва барои посух додан ба шаҳрванд дар хусуси то чӣ андоза асоснок будани бастани он аз ҷиҳати илмӣ ва назариявӣ баъзе мушкилиҳоро ба миён оварда метавонад. Дар низоми шартномаҳои мавҷуди мақоми махсусро шартномаи меъёрӣ ишғол менамояд. Он дар аксари низоми соҳаҳои ҳуқуқ дучор мешавад. Шартномаи коллективӣ ба яке аз намудҳои асосии санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо мубаддал гашта, тавассути он ҳамкории иҷтимоии корфармо ва мақомоти намояндагии коркунони кироя дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва касбӣ таъмин мегардад. Мақола фарогири масъалаи танзими ҳуқуқии намудҳои шартномаҳои меъёрӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ буда, муаллиф бо истифода аз андешаҳои олимони ватанӣ ва хориҷии соҳаи ҳуқуқи меҳнат, қонунгузории ватанӣ оид ба мафҳум, мазмун ва намудҳои падидаи мазкур андешаронӣ намудааст.
Калидвожаҳо: шартномаи меъёрӣ, шартномаи коллективӣ, шартномаи меъёрии дохилидавлатӣ, шартномаи меъёрии байналмилалӣ, сарчашмаи ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Пайнавишт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.11.1994, бо тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. [Маводи электронӣ] // Сомонаи маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http://www.mmk.tj.(санаи муроҷиат - 10.04.2022).
2. Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуқҳои шартномаҳои байналмилалӣ // Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 ноября 1995, № 179. м. 2.
3. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июлисоли 2016. [Маводи электронӣ] // Сомонаи маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http://www.mmk.tj. (санаи муроҷиат - 10.04.2022).
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // аз 23 июли 2016, №1326, м.2.
5. Бабенко А. Н., Парфенова Т. А. Понятие и признаки нормативного договора // Сибирский юридический вестник. - 2004. - №2. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/ponyatie-i-priznaki-normativnogo-dogovora-1 (санаи муроҷиат - 21.04.2022).
6. Садохина Н.Е. Нормативный договор как источник современного российского права //Правовая политика и правовая жизнь. - 2009. - №3. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/normativnyy-dogovor-kak-istochnik-sovremennogo-rossiyskogo-prava (санаи муроҷиат - 21.04.2022).
7. Шихаев М.В. Юридическая сущность коллективных соглашений // Трудовое право. – 2015. - № 9. - С.56 – 62.
8. Чуча С.Ю. Социальное партнерство в сфере труда: становление и перспективы развития правового регулирования в Российской Федерации // Омский юридический вестник. – 2011. - № 19. – С. 237-245.
9. Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китобидарсӣ. – Душанбе,2006.- 180 саҳ.