Моҳият ва аҳамияти фонди сугурта дар шароити иқтисодиёти бозорӣ баррасӣ шудааст. Зарурати таъсиси фонди сугурта, ҳамчунин ҷорӣ намудани суғуртаи маҷбурӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба мақсади рафъи таъсири пешбининашудаи ғайримусоиди табиат ба раванди истеҳсол ва таъмини раванди мунтазами такрористеҳсоли ҷамъиятӣ асоснок карда шудааст. Се шакли ташкили фонди суғурта – худсуғурта (шакли ғайримарказонида), шакли марказонидаи ташаккули фонди сугурта аз ҳисоби манбаъҳои умумидавлатӣ ва сугурта ба маънои аслии ин калима ҷудо карда, моҳияти ҳар яки он тавсиф гардидааст. Собит карда шудааст, ки фонди суғурта барои рўпўш кардани зарари офатҳои табиӣ таъсис меёбад, бинобар ин ба сифати фонди андўхт истифода шуда наметавонад ва истифода намешавад. Зарурати таъсиси фонди суғурта ва истифодаи он дар шароити иқтисодиёти гузариши Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
иқтисодиёти бозорӣ,фонди суғурта, шаклҳои ташкилот, истеҳсолоти кишоварзӣ, суғуртаи ҳатмӣ, ҷуброни зарар, офатҳои табиӣ
1. Прокопьева Т.В. Страхование. - Рубцовск: РИИ, 2014. - 140 с.
2. Грищенко Н.Б. Основы страховой деятельности. - Барнаул:Изд-во Алтайского ун-та, 2001. - 274 с.
3. Шевченко О.Ю. Страхование. - Омск, 2016. - 197с.
4. Разумовская Е.Л., Фоменко В.В. Страховое дело. – Екатеринбург: Гуманитарный университет, 2016. – 346 с.
5. Гвозденко А. А. Страхование. - М.: ТК Велби, изд-во «Проспект», 2006. - 464 с.
6. Отчёты Госстрахнадзора Республики Таджикистан за 2000-2017 гг.
7. Статистические отчеты Министерства сельского хозяйства РТ за 2010 -2017 гг.