0.0/5 оценка (0 голосов)

Самтҳои асосии рушди сайёҳӣ дар қаринаи хусусиятҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Амонова Дилбар Субҳоновна

Чакидаи мақола

Дар мақола рушди сайёҳӣ бо назардошти хусусиятҳои табиию иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Таъкид шудааст, ки риштаҳои соҳаи иҷтимоӣ (сайёҳӣ низ ба он  ворид мешавад) хусусияти хоси рушд доранд, ки дар роҳи ҷорӣ намудани  фаъолияти соҳибкорӣ маҳдудиятҳои муайян ба вуҷуд меоранд. Бино бар ин дар ин соҳа то ҳол  миқёси калони маблағгузорӣ аз манбаъҳои давлатӣ ба назар мерасад. Муаллифон собит  кардаанд, ки ташкил ва пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ба навгониҳо ва навовариҳо, яъне ба соҳибкорӣ асос меёбад. Дар марҳилаи ҳозира усул, шакл ва намудҳои пештараи ташкил ва идораи сайёҳӣ амалан  кўҳна шудаанд, усулҳои нав бошанд ба коркард эҳтиёҷ доранд. Барои  рушди босуръати минбаъдаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардан зарур аст.

Калидвожаҳо

сайёҳӣ, сайёҳон, хусусиятҳои минтақавӣ, рушди иқтисодӣ, масоили иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ 

Пайнавишт

1. Валигурский Д.И. Предпринимательство: развитие, государственное регулирование, перспективы.  - М.: ИТК «Дашков и КО», 2002. - 332 с.

2. Макконелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс: принципы, проблемы и политика. -М.: Республика, 2003. - 972 с.

3. Мухаббатов Х.М. Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана/ Моногр. - М.: Граница, 1999. - 196 с.

4. Савкина Р.В., Мальцева Е.Г. Организация предпринимательской деятельности. -М.: КноРус, 2017. - 211 с.

5.    Статистический ежегодник Республики Таджикистан, 2015. - Душанбе,  Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2016. - 446 с. 

6.    Яковец Ю.В., Кружалин В.И. и др. Цивилизационный туризм. – М.:МИСК, ИНЭС, 2016. – 332 с.

7. 2015 World Development Indicators. Washington:  The World Bank, 2015. Тables 4.6, 6.14.

Таърихи нашр

Понедельник, 07 Май 2018