Дар мақола усули тавозунии омўзиши талаботи минтақавӣ ба молҳои озуқа баррасӣ гардида, схемаи тавозуни талаботу пешниҳод таҳия карда шудааст. Нишондиҳандаҳои талабот, ки чун талаботи пардохтпазири аҳолӣ баррасӣ мегарданд ва унсурҳои бозорро ташкил мекунанд, муайян карда шудаанд. Ҳангоми муайян кардани ҳаҷми умумии талабот диққати асосӣ ба талаботи минтақа, талаботи беруназноҳиявӣ ва талаботи ташкилоту корхона ва муассисаҳо диққати махсус дода шудааст. Дар қатори пешниҳодҳо диққати асосӣ ба истеҳсолоти минтақавӣ чун нишондиҳандаи асосии пешниҳоди бозор, ҳамчунин воридоти хўрока дода шудааст. Схемаи тавозуни минтақавӣ таҳия карда, бо ёрии формулаҳои математикӣ таносубҳои имконпазир тавсиф шудаанд. Зарурати таҳияи обзори коньюктурӣ асоснок карда шудааст, ки дар он натиҷаҳои микротаҳлил, аз ҷумла унсурҳои ояндабинии тамоюлҳо ва тағйирот дар талаботу пешниҳоди молҳои хўрока баён мегарданд.
Усули тавозунӣ, унсурҳои тавозун, талаботи аҳолӣ, минтақа, талаботи ноҳиявӣ, пешниҳоди бозор, конъюктура, ояндабинӣ, таносуб
1. Байматов А.А. Региональный рынок: состояние и проблемы сбалансированности. – Душанбе: Дониш, 1985.- 209 с.
2. Маркс К. Капитал. Т.1. – М.: Прогресс. - 717 с.
3. Статистический ежегодник Согдийской области. – Худжанд, 2015.- С. 315.
4. Аминов И.А. Продовольственный рынок: проблемы развития товарно-торгового бизнеса. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 180 с.