Муассис ва ношир – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» (ISSN 2411-1945), номи кӯҳнааш «Ахбори ДДҲБСТ» (ISSN 2218-256Х) соли 2000 таъсис ёфтааст. Аз соли июни соли 2011 ба номгӯии нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ворид карда шудааст. То моҳи январи соли 2015 маҷалла рубрикаҳои зеринро дарбар мегирифт: 1. Ҳуқуқшиносӣ 2. Иқтисодиёт 3. Фалсафа ва сиёсатшиносӣ 4. Филология 5. Таърих ва сотсиология 6. Усули тадрис.

Мувофиқи моддаи 3 замимаи №1 фармони №793 ВМИ ФР аз 25 июли соли 2014 Шӯрои илмии ДДҲБСТ дар бораи ба ду силсила тақсим кардани «Ахбори ДДҲБСТ» қарор қабул кард:

1. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ; 2. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ». Тибқи талаботи ОК 017-2013 ОКСВНК ба ҳар силсила се соҳаи илм аз «Ахбори ДДҲБСТ»-и кӯҳна гирифта шуд: Ба «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ - илмҳои иқтисодӣ (08 00 00), илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12 00 00), Сиёсатшиносӣ (23 00 00).

Чопи маҷалла: 4 маротиба дар як сол

Нашрия дар Маркази байналмилалии ISSN бақайдгирифта шудааст: рақами ISSN 2411-1945 (чопӣ) ва 2410-8308 (электронӣ)

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаҳои №517 аз 28.01. 2000, №0183/МҶ аз 04.12.2013 ва №0183/МҶ аз 18.08.2015)

Маълумот оид ба мақолаҳои чопшуда саривақтӣ ва мунтазам аз рўи тартиби муайяншуда ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) пешниҳод мешаванд.

Матни пурраи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар платформаи Китобхонаи илмӣ-электронии Федератсияи Русия низ ҷой дорад.

Маҷалла дар базаи байналмилалии маълумоти илмии Urlich’s periodicals directory (США) номнавис шудааст.

Бознашри маводи маҷалла танҳо бо огоҳ кардани идораи маҷалла ва розигии он иҷозат дода мешавад.

Муҳимтарин талаботи системавӣ:

•       Системаи операционии – MS Windows XP professional

•       Браузерҳои– Internet Explorer 6.0, Opera, Firefox

•       Таъминоти барномавӣ – Acrobat Reader 

 Нусхаи  ҳатмииҳаршумораи  маҷалла  ба  Китобхонаи  илмӣ-электронии  Русия,  КитобхонаиМиллииҶумҳурииТоҷикистон, китобхонаи  вилоятии  баноми  Т.Асирӣ  ва  дигар  китобхонаюмуассисаҳои  таълимию  илмӣ фиристода мешавад