Самти умдаи интишороти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» инъикоси риштаҳои нави илми дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти муносибатҳои бисёрҷабҳаи  Тоҷикистон бо Русия, ҳамчунин шарики вусъатёбандаи стратегии Русия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, ҳамкории байни  мамлакатҳоямон, махсусан дар соҳаҳои маориф, илм ва техникӣ ба истифодаи ҳадди аксари иқтидори илмию техникӣ, ки Русия  ҳини омодасозии кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон  андўхтааст, мусоидат мекунад.

Иқтисодиёти гузариш масоили сершумори мураккаби ба қадри кофӣ ҳаллу фасл ношудаи нашудаи назарию методиро  ба миён овард, ки ҳалли саривақтии худро тақозо менамоянд. Самтҳои нави илмии зерин аз он ҷумлаанд: тадқиқи системавии асосҳои  назарии ташаккули иқтисодиёти мутамоил ба иҷтимоиёт ва ҳифзи манфиатҳои миллии иқтисодии Тоҷикистони мустақил ва дигар мамолики  минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Федератсияи  Русия.  Тадқиқи роҳҳои бунёди давлати ҳуқуқӣ ва ҷомаи мутамаддин (шаҳрвандӣ), таҳлили самтҳои сиёсати ҷаҳонӣ, ҳамчунин мушкилот ва дурнамои рушди сиёсати  Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои минтақа дар низоми  муносибатҳои байналхалқӣ.

Гузаронидани иқтисодиёти мамлакат ба реҷаи рушди  иқтисодӣ тағйир додани характери фаъолияти  берунаи иқтисодӣ  ва усулҳои танзими онҳоро тақозо мекунад. Ҳифзи  манфиатҳои миллӣ бо мақсади таъминин амнияти иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат  мебошад ва як шохаи  вазифаҳои болоравии иқтисодӣ ба ҳисоб  меравад, ки дар ҳар зинаи рушди ҷамъият ҳал мегардад, аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Маводи дар «Ахбори ДДҲБСТ» чопшуда ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти мақсадноки илмию тадқиқотӣ  оид ба такмили низоми ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки ба ворид шудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хоҷагии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Кооператсияи олимон, аз ҷумла аз хориҷаи дуру  наздик  ба фаъолияти илмию иқтисодӣ имкон медиҳад масъалаҳо на танҳо аз мавқеи Тоҷикистон, балки тамоми  инсоният ҳал карда шаванд. Бино бар ин аҳамияти натиҷаҳои бадастомада аз доираи маҳаллӣ фаротар меравад.

Фаъолияти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» нашри мақолаҳои намояндагони илмҳои Тоҷикистон, Русия ва хориҷаро пешбинӣ мекунад. Мақолаҳои мазкур пешниҳодҳои  илмию назарӣ ва амалиро оид ба таҳияи шаклу усулҳои нави ташкили истеҳсолоти моддию техникӣ, такмили  қонунгузорӣ ва тааммуқу тавсеаи  спектри муносибатҳои байналхалқӣ дар бар мегиранд. Барои таъмини чопи мақолаҳои актуалӣ дар маҷалла, ки ба ҳалли масоили назарию амалии иқтисодиёт, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ мусоидат мекунанд, ба ҳайъати Шўрои муҳаррирони байналхалқи  ва ҳайъати  таҳрири маҷалла олимони мумтози  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики Шарқи Наздику Дур ворид   карда шудаанд, ки осори онҳо ба инкишофи соҳаҳои номбурдаи илм саҳми назаррас мегузоранд.   Умедворем, сиёсати нашрии «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» ба гузоштани саҳм ба рушди илми ватанию ҷаҳонӣ  саҳми арзанда мегузорад.